Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди Рамазон Раҳимзода мансаби нав гирифт


Рамазон Раҳимзода ва Шодӣ Ҳафиззода
Рамазон Раҳимзода ва Шодӣ Ҳафиззода

Шодӣ Ҳафиззода, раҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ин вазифа барканор ва мушовири Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон шудааст. Зоҳиран, ин таъйинот нуфузи ӯро дар ВКД коҳиш медиҳад.

Рӯзи 7-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ бархеро аз мансаб барканор кард ва ба бархе вазифаҳои нав додааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон исми онҳое, ки мансаби нав гирифтаанд, зикр кардааст.

Бар ин асос, Генерал Шодӣ Ҳафиззода, домоди Рамазон Раҳимзода, вазири ВКД, ки моҳи феврал пас аз 7 соли кор аз раҳбарии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) барканор ва моҳи апрел раҳбари дастгоҳи ин ниҳод шуда буд, пурра аз сафи кормандони пулис берун шудааст. Ӯ дар мансаби наваш дар ВКД танҳо ду моҳ кор кард. Маълум набуд, аз барканорияш дар моҳи феврал ва таъйиноташ дар апрел чӣ гуфтушунидҳо сурат гирифтааст.

Як манбаъ аз ВКД дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “барканории Ҳафиззода ва дигар мақомдорони ин вазорат ғайриинтизор буд ва то охирин лаҳза аксари барканоршудаҳо аз он хабар надоштанд.” Ин барканорӣ ба маънои коҳиши таъсири худи вазири корҳои дохилӣ низ хоҳад буд.

Дар ин байн Шоҳрух Саидзода, дӯсти Рустами Эмомалӣ вазифаи болотаре гирифт ва сардори Раёсати ВКД дар Душанбе шуд. Ба ҷойи ӯ, Тоҳир Баротзода сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ шудааст. Нақши сардори пулиси шаҳри Душанбе дар умури ВКД бузург аст.

Бар пояи маълумоти расмӣ, Маҳмадсафар Пирзода ба ҷои Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар Суғд таъин шудааст. Вазифаи нави Абдулло Навҷавонов, ки аз мақомдорони баландпояи зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ВКД буд, ҳанӯз маълум нест.

Аҳлиддин Шарифзода, писари Ҳумиддин Шарифов, вазири собиқи ВКД ба курсии сардори ШВКД-и Ҷайҳун нишастааст. Ӯ аз соли 2021 сардори ШВКД-и ноҳияи Кушониёни Хатлон буд.

Ҳумиддин Шарифов аз соли 1996 то 2006 вазири ВКД буд ва пас аз як соли барканориаш дар соли 2017 даргузашт.

Инчунин, Абдусаттор Фаттоҳзода, сардори РВКД дар минтақаи Рашт, Бароталӣ Ҳамидзода, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, Сафиало Азизулозода, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, Алихон Рустам, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД, Ҷамшед Шайдуллозода, сардори Раёсати алоқаи ВКД, Файзалӣ Шарифзода, намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин шудаанд.

Раҳбарони 18 Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, Бадахшон ва Суғд низ иваз шудаанд, ки огоҳон инро тағйири калон дар ин ниҳод медонанд.

Созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки дар ин кишвар мансабҳоро на аз рӯи касбият, балки бештар аз рӯи хешовандӣ ва садоқат ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон соҳиб мешаванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG