Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Харков 5 нафарро кушт ва 15 нафарро маҷрӯҳ кард


Русия ҳамла ба Харковро афзоиш додааст
Русия ҳамла ба Харковро афзоиш додааст

Дар ҳамлаи рӯзи 19-уми майи Русия ба Харкови Украина панҷ нафар кушта ва 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Мақомоти Харков гуфтанд, ки Русия ба як маконе ҳамла кардааст, ки онҷо сокинон истироҳат мекарданд.

Русия чанд рӯзи ахир ҳамла ба Харковро афзоиш додааст. Ҳафтаи гузашта чанд деҳаро низомиёни рус дар ин вилояти Украина ишғол карда буданд.

Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, ки ҳадафи ишғоли Харковро надоранд, вале дар марзи Русия бо Украина як минтақаи озод ташкил мекунанд, то аз он ҷо ба вилояти Белгород ҳамла нашавад.

Русия аввали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг, ки то кунун давом дорад, ҳазорон нафар кушта ва миллионҳо нафар бехонумон шуданд.

Аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон Русияро барои ҳуҷуми бедалелаш ба Украина маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG