Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дар Хатлон шифохонаи махсуси кӯдакон нест?


Шӯъбаи кӯдаконаи беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб
Шӯъбаи кӯдаконаи беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб

Панҷ сол пеш беморхонаи кӯдаконаи вилоятиро дар Кӯлоб бастанд ва акнун фақат як шуъба дар назди бемористони вилоятӣ фаъол аст. Сабаби чунин тағйиротро  набуди эҳтиёҷ ба як бемористони хоси кӯдакона дар шаҳри Кӯлоб гуфта буданд.

Шайдулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тандурустии кишвар ин масъаларо омӯхтанд, вале ҳеҷ нақшае дар заминаи таъсиси бемористони хоси кӯдакон барномарезӣ нашуд.

Шифохона барои муолиҷаи 140 бемор хидмат мекард, дар шӯъба танҳо 60 кӯдакро қабул карда метавонанд. Кӯдаконеро, ки ниёз ба ҷарроҳӣ доранд, ба Душанбе мебаранд. Ин масъала соли 2022 мавриди танқиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам шуд.

Ӯ он замон дар мулоқоташ бо мақомоти вилоят гуфт: “Кани маркази ҷумҳуриявии кӯдакона, канӣ? Канӣ пажуҳишгоҳҳо дар вилоятҳо. Вилояти Хатлон чаҳор миллион зиёд мешавад, вале надорем. Аҳмияти ҷиддӣ додан даркор.”

Ду сол баъд ҳам вазъ тағйир наёфт. Ҳоло ҳамин як шуъба ба табобати кӯдакони 10 шаҳру ноҳия хидмат мекунад. Беморон ва табибон аз шароити бад, гармии тоқатфарсо ва набуди ошхона шикоят мекунанд. Бархе бемордорон маҷбуранд, бо худ гилему васоили таомпазӣ биёранд.

Хатлон аз назари аҳолӣ бузургтарин вилояти Тоҷикистон аст ва нишондодҳои маргу мири кӯдакону навзодон ҳам дар ин ҷо назар ба дигар қаламравҳои ҷумҳурӣ бештар аст. Бо вуҷуди ин мақомоти вилоят зоҳиран зарурате ба таъсиси шифохонаи хоси кӯдакон намебинанд.

Чаро дар Хатлон шифохонаи хоси кӯдакон нест?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG