Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфтааст, ба Исроил силоҳ намефиристад


Амрико гуфтааст, ба Исроил силоҳ намефиристад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Музокирот дар бораи оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос”* дар Ғазза ба воситаи кишварҳои миёнарав дигарбора дар пойтахти Миср сар шудааст. Бо вуҷуди оғози гуфтушунид, Рафаҳ – паноҳгоҳи охирини фаластиниёни овора – аз ҷониби Исроил бомбборон мешавад. Ин амал хашми Амрикоро барангехт.

Ҷо Байден, президенти Амрико, ба Исроил ҳушдор додааст, ки агар ҳамларо ба Рафаҳ идома бидиҳад, интиқоли силоҳро ба ин кишвар бозмедоранд.

Вай рӯзи 8-уми май гуфт, Исроил дар ҷавоб ба ҳамлаи маргбори “Ҳамос” дар рӯзи 7-уми октябри соли гузашта бо бомбаҳои Амрико мардуми осоиштаро дар Ғазза ҳадаф гирифтааст. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар ҳафт моҳи охир наздик ба 35 ҳазор фаластинӣ, аксаран занону кӯдакон, кушта шуданд.

Лаҳни тунди Байден баёнгари он аст, ки миёни Амрико ва Исроил, кишвари ҳампаймонаш дар Ховари Миёна, ихтилоф пайдо шудааст. Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, ҳам гуфт, кишвараш интиқоли ҳазорон бомби вазнинро ба Исроил бас кардааст. Далелаш ҳам нигаронӣ аз эҳтимоли ҳамлаи заминии Исроил ба Рафаҳ аст.

Бори аввал аст, ки Амрико бар рағми ваъдаи пуштибонии қавияш аз Исроил кумакро ба ин кишвар ба таъхир менадозад. "Ба ин назарем, ки агар Шумо дар ҷанг ҷони мардуми оддиро ҳифз накунед, оянда сафи террористон зиёд мешавад," – гуфт Остин.

Иёлоти Муттаҳида аз пуштибонҳои асосии Исроил аст. Сенати Амрико дар моҳи апрели имсол тарҳи 26-миллиарддолларии ёриро ба ин кишвар имзо кард.

Ҷо Байден дар соле, ки бояд дар интихобот ширкат кунад, барои пуштибонӣ аз Исроил дар ҷанги Ғазза зери фишор мондааст. Исроил ҳанӯз ба ҳарфҳои Байден посух надодааст, вале Телавив мегӯяд, ба Рафаҳ ҳамла мекунад, чун дар онҷо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Ҳамос" пинҳон шудаанд.

Дар Рафаҳ беш аз як миллион фаластинии овора паноҳ бурдаанд. Исроил бо вуҷуди бомбборони Рафаҳ ҳанӯз низомиёнашро ба дохили он надаровардааст. Амрико аз он нигарон аст, ки ҳангоми ҳамла ба Рафаҳ занону кӯдакони бештар қурбон хоҳанд шуд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG