Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳрӯзи Хоҷазода дар Dushanbe Grand Slam медали нуқра гирифт


Беҳрӯз Хоҷазода
Беҳрӯз Хоҷазода

Паҳлавони маъруфи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Вай пас аз се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Баҳрайн, Қазоқистон ва Муғулистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал Муҳаммад Ҷумъаеви узбекистониро шикаст дода, ба финал роҳ ёфт. Аммо Хоҷазодаи 29-сола дар қувваозмоии ниҳоӣ аз қаҳрамони феълии ҷаҳон Нилс Стампи 27-сола аз Швейтсария шикаст хӯрд ва бо медали нуқра, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор евро сарфароз гашт.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа - 4-уми май - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон доир гардид. Тоҷикистонро дар мусобиқаи занон Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова (ҳарду дар вазни -63 кг) ва Мавлуда Одинаева (-70 кг) муаррифӣ карда, ҳарсе дар аввалин рақобати худ ноком шуданд.

Дар мусобиқаи мардон бошад, ба ғайр аз Беҳрӯзи Хоҷазода, инчунин Абубакр Шеров, Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарсе дар вазни -73 кг); Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Лоиқов, Суннатулло Мӯсоев, Раҳматуллобек Фарҳодов (ҳарчор дар вазни -81 кг) ба рақобат пардохтанд, вале онҳо дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024 се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳиндустон, Русия, Португалия ва Ҷопон ба финал баромад. Қувватови 22-сола дар қавваозмоии ниҳоӣ бар Магжан Шамшоддини 27-солаи қазоқ дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 ҳазор евро мукофотонида шуд. Ин аввалин медали Қувватов дар Grand Slam аст.

Обид Ҷебов, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даврҳои баъдӣ бо шикаст додани рақибонаш аз Муғулистон, Қазоқистон ва Узбекистон ба финал роҳ ёфт. Ин паҳлавони 26-солаи тоҷик дар даври ниҳоӣ аз гуштигири 20-солаи Туркманистон Сардор Раҳимов мағлуб шуда, бо медали нуқра ва 3 ҳазор евро сарфароз гашт.

Муллораҷаб Халифаеви 25-сола дар вазни то 66 кило барои медали биринҷӣ ба Абдураҳим Нутфуллоеви 22-солаи узбекистонӣ ғолиб омад. Ба Халифаев барои ҷойи сеюм 1500 доллар тақдим гардид.

Дар вазни то 60 кило паҳлавони тоҷик Ҳақдод Гулови 25-сола, ки барои медали биринҷӣ аз Изнаур Сааеви 22-солаи русиягӣ ноком шуд, ҷойи панҷумро азони худ кард.

Дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони тоҷик Райҳона Розиқзода (48 кг), Мадина Қурбонзода, Аҳлия Муъминова, Насиба Карликова (ҳарсе дар вазни -52 кг), Фазилат Гулбоева ва Раҳмия Ханҷарбекова (ҳарду дар вазни -57 кг) дар нахустин рақобати худ миёни занон шикаст хӯрданд.

Дар рақобатҳо миёни мардон дар рӯзи аввали мусобиқа Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммад Маҳмадизода (ҳарду дар вазни то 60 кг); Ёсин Бобокалонов, Муқтадири Бобоҷон (ҳарду дар вазни то 66 кг) ноком шуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 390 варзишгар (204 мард ва 186 зан) аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доранд.

Дар байни онҳо дурахшонтарин ситораи ҷудои дунё Тедди Ринери 35-сола аз Фаронса, ки қаҳрамони секаратаи олимпӣ ва 12-каратаи ҷаҳон мебошад, дар вазни беш аз 100 кило дар рӯзи охирини мусобиқа – 5-уми май - рақобат хоҳад кард. Ринер, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Азамат Чотчаеви 29-сола (Баҳрайн)/Мунир Эртуги 20-сола (Туркия) қувваозмоӣ мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохиланд. Дар дӯ рӯзи мусобиқа 16 мард ва ҳамаи занон рақобатҳои худро ба анҷом расонданд. Боз 12 нафари дигар дар рӯзи охирини мусобиқа - 5-уми май - дар қувваозмоиҳо байни мардон дар вазнҳои сангин (-90 кг, -100 кг, +100 кг) рақобат мекунанд.

Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён бо Даниел Ниетои испанӣ, Шодмон Ризоев бо Эдуард Триппели олмонӣ, Акмал Муродов бо Мамедалӣ Очилдиеви туркман ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Бакар Эрашвилии гурҷӣ дар даври аввал вориди рақобат мешаванд.

Дар вазни то 100 кило Ҷаҳонгир Маҷидов бо Авсин Чандрани ҳиндӣ, Парвиз Абдураҳмонов бо Анҷей Павлиукови русиягӣ, Эмомризо Анварзода бо Синг Автари ҳиндӣ ва Кароматулло Ҳакимов бо Ниёз Билолови русиягӣ дар даври аввал қувваозмоӣ мекунанд.

Дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Давит Кевлишвилии испанӣ ва Анани Квадҷои фаронсавӣ рақобат хощад кард. Раҳмон Мансур бо Шаотонг Юани чинӣ, Некрӯзшоҳ Некбахтзода бо Муҳаммал Ал-Маҳдии алҷазоирӣ ва Шарифҷон Назриев бо Мансур Муҳиддинови узбекистонӣ дар даври аввал қувва мезмоянд

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд. Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дастаҳои Австрия ва Швейтсария бо натиҷаҳои якхела – дутоӣ медали тилло ва яктоӣ медали нуқра - дар ҳисоби умумидастаӣ пешсафанд. Дастаи Тоҷикистон ба касби як медали тилло, ду нуқра, як медали биринҷӣ, инчунин як ҷойи панҷум дар зинаи сеюм қарор дорад.

Ғолибону ҷоизадорони ду рӯзи Dushanbe Grand Slam 2024:

Занон

-48 кг

1. Бавуудорж Баасанхуу (Муғулистон)

2. Тугче Бедер (Туркия)

3. Айна Моисеева (AIN, Русия)

3. Николич Милитса (Сербия)

-52 кг

1. Фабен Кохер (Швейтсария)

2. Бинта Ндиайе (Швейтсария)

3. Глафира Борисова (AIN, Русия)

3. Ҷунг Йерин (Ҷумҳурии Корея)

-57 кг

1. Ҷессика Климкейт (Канада)

2. Сара-Леони Сизик (Фаронса)

3. Вероника Тониоло (Италия)

3. Энхриилен Лхагватогоо (Муғулистон)

-63 кг

1. Лубяна Повесана (Австрия)

2. Дали Лилуашвили (AIN, Русия)

3. Амина Белкадӣ (Алҷазоир)

3. Ива Оберан (Хорватия)

-70 кг

1. Микайла Поллерес (Австрия)

2. Лара Светко (Хорватия)

3. Петерсен Поллард (Британияи Кабир)

3. Сабина Герчак (Венгрия)

Мардон

-60 кг

1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Тоҷикистон)

2. Мажҳан Шамшоддин (Қазоқистон)

3. Изнаур Сааев ((AIN, Русия)

3. Ҳаято Кондо (Ҷопон)

-66 кг

1. Сардор Раҳимов (Туркманистон)

2. Обид Ҷебов (Тоҷикистон)

3. Иван Черних (AIN, Русия)

3. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)

-73 кг

1. Нилс Стамп (Швейтсария)

2. Беҳрӯзи Хоҷазода (Тоҷикистон)

3. Муҳаммад Ҷумъаев (Узбекистон)

3. Дархан Койбагар (Қазоқистон)

-81 кг

1. Ёшито Ҳоҷо (Ҷопон)

2. Вахид Борчашвили (Австрия)

3. Дмитрий Гочилаидзе (Гурҷистон)

3. Абилайхан Ҷубаназар (Қазоқистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG