Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони тоҷик дар Dushanbe Grand Slam 2024


Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 390 варзишгар (204 мард ва 186 зан) аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доранд.

Дар байни онҳо дурахшонтарин ситораи ҷудои дунё Тедди Ринери 35-сола аз Фаронса, ки қаҳрамони секаратаи олимпӣ ва 12-каратаи ҷаҳон мебошад, дар вазни беш аз 100 кило дар рӯзи охирини мусобиқа – 5-уми май - рақобат хоҳад кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохиланд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа - 3-юми май - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон баргузор шуд.

Дар мусобиқаи занон варзишгарони тоҷик Райҳона Розиқзода (48 кг), Мадина Қурбонзода, Аҳлия Муъминова, Насиба Карликова (ҳарсе дар вазни -52 кг), Фазилат Гулбоева ва Раҳмия Ханҷарбекова (ҳарду дар вазни -57 кг) дар нахустин рақобати худ шикаст хӯрданд.

Дар рақобатҳо миёни мардон дар рӯзи аввали мусобиқа Тоҷикистонро Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода (ҳарчор дар вазни то 60 кг); Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов, Муқтадири Бобоҷон (ҳарчор дар вазни то 66 кг) намояндагӣ карданд. Аз байни онҳо се нафар ба гирифтани медал мушарраф шуданд.

Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳиндустон, Русия, Португалия ва Ҷопон ба финал баромад. Қувватови 22-сола дар қавваозмоии ниҳоӣ бар Мажҳан Шамшоддини 27-солаи қазоқ дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 ҳазор евро мукофотонида шуд. Ин аввалин медали Қувватов дар Grand Slam аст.

Дар вазни то 60 кило паҳлавони тоҷик Ҳақдод Гулови 25-сола, ки барои медали биринҷӣ аз Изнаур Сааеви 22-солаи русиягӣ ноком шуд, ҷойи панҷумро азони худ кард. Сааев ва Ҳайато Кондо (Ҷопон) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Обид Ҷебов, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даврҳои баъдӣ бо шикаст додани рақибонаш аз Муғулистон, Қазоқистон ва Узбекистон ба финал роҳ ёфт. Ин паҳлавони 26-солаи тоҷик дар даври ниҳоӣ аз гуштигири 20-солаи Туркманистон Сардор Раҳимов мағлуб шуда, бо медали нуқра ва 3 ҳазор евро сарфароз гашт.

Муллораҷаб Халифаеви 25-сола дар вазни то 66 кило барои медали биринҷӣ ба Абдураҳим Нутфуллоеви 22-солаи узбекистонӣ ғолиб омад. Дар ин вазн медали дигари биринҷӣ насиби Иван Чернихи русиягӣ аз дастаи бетараф гардид.

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дастаи Тоҷикистон ба касби як медали тилло, як нуқра ва як медали биринҷӣ, инчунин як ҷойи панҷум дар ҳисоби умумидастаӣ пешсаф аст.

Дастаи Швейтсария бо касби як медали тилло ва як нишони биринҷӣ дар ҷойи дуюм мебошад. Дастаҳои Муғулистон ва Туркманистон бо натиҷаи якхела – яктоӣ медали тилло – ҷойи сеюмро соҳиб шудаанд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа 4-уми май - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон доир мегардад.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи занон Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова (ҳарду дар вазни -63 кг) ва Мавлуда Одинаева (-70 кг) муаррифӣ мекунанд.

Шоҳида Қаландарова дар даври аввал бо Кристина Кабана Переси испанӣ, Ҷонона Назарова бо Агаза Счмидти олмонӣ ва Мавлуда Одинаева бо Габриелла Виллямс аз Фаронса рақобат хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи мардон бошад, Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров, Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарчор дар вазни -73 кг); Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Лоиқов, Суннатулло Мӯсоев, Раҳматуллобек Фарҳодов (ҳарчор дар вазни -81 кг) ба рақобат мепардозанд.

Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо Биаслан Блимготови баҳрайнӣ қувваозмоӣ хоҳад кард. Рақиби Абубакр Шеров дар даври аввал Рамазон Коҷакови баҳрайнӣ мебошад. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Як Йонезукаи амрикоӣ рӯбарӯ мешавад. Муҳаммадраҳим Сарахонов, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо Адам Содолскии лаҳистонӣ нерӯсанҷӣ мекунад. Рақиби Раҳматуллобек Фарҳодов дар даври дуюм Адам Копески аз Чехия мебошад.

Суннатулло Мусоев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудокори қазоқ Жубаназар Абулайхан қувва меозмояд. Суннатулло Лоиқов бо Йошито Ҳоҷо аз Ҷопон дар даври дуюм қувваозмоӣ мекунад. Сайфиддин Сайфиддинзода бо Лачлан Мурҳеад аз Британияи Кабир дар даври дуюм ба рақобат мепардозад.

Дар рӯзи охирини мусобиқа - 5-уми май - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон сурат мегирад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон инҳо дохиланд: -90 кг – Комроншоҳ Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Акмал Муродов, Шодмон Ризоев; -100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Эмомризо Анварзода, Кароматулло Ҳакимов; +100 кг – Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Шарифҷон Назриев, Некрӯзшоҳ Некбахтзода.

Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён бо Даниел Ниетои испанӣ, Шодмон Ризоев бо Эдуард Триппели олмонӣ, Акмал Муродов бо Мамедалӣ Ачюлдюеви туркман ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Бакар Эрашвилии гурҷӣ дар даври аввал вориди рақобат мешаванд.

Дар вазни то 100 кило Ҷаҳонгир Маҷидов бо Авсин Чандрани ҳиндӣ, Парвиз Абдураҳмонов бо намояндаи бетараф Анҷей Павлиуков, Эмомризо Анварзода бо Синг Автари ҳиндӣ ва Кароматулло Ҳакимов бо намояндаи бетараф Ниёз Билолов дар даври аввал қувваозмоӣ мекунанд.

Дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Давит Кевлишвилии испанӣ ва Анани Квадйои фаронсавӣ рақобат мекунад. Раҳмон Мансур бо Шаотонг Юани чинӣ, Некрӯзшоҳ Некбахтзода бо Муҳаммал Ал-Маҳдии алҷазоирӣ ва Шарифҷон Назриев бо Мансур Муҳиддинови узбекистонӣ дар даври аввал қувва мезмоянд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

XS
SM
MD
LG