Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайрав Воҳидов: "Ба муқобили Тайланд танҳо барои ғалаба бозӣ мекунем"


Tajikistan - footsal
Tajikistan - footsal

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими мизбон - Тайланд - бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел дар шаҳри Бангкок, дар варзишгоҳи Hua Mark Indoor доир мегардад.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар арафаи бозӣ бо дастаи Тайланд, 25-уми апрел, дар нишасти хабарӣ гуфт, “дастаи мо бори аввал дар таърихи худ дар марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Осиё иштирок мекунад. Моро бо мизбони мусобиқа - Тайланд - бозии душвор интизор аст. Ин яке аз қавитарин дастаҳои қора мебошад, ки ду сол қабл дар Ҷоми Осиё дар Кувайт бо онҳо рӯбарӯ шуда будем. Мо барои ғалаба то сонияҳои охирин мубориза мебарем. Фардо дастае, ки камтар иштибоҳ мекунад, пирӯз мешавад.»

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, аввалин бор ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон гардид.

Рақиби футзалбозони тоҷик – тими миллии Тайланд бошад, дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби Ироқро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, ба нимфинал баромад, инчунин бори ҳафтум соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон шуд.

Бояд гуфт, ки тайландиҳо дар ҳамаи марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кардаанд. Натиҷаи беҳтарини онҳо роҳ ёфтан ба финали қаҳрамонии Осиё дар соли 2008 мебошад, ки дар Тайланд баргузор шуда буд. Аммо тайландиҳо дар бозии ниҳоӣ аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.

Дар ду бозии дигари даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок рӯзи чоршанбе тими миллии Эрон мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 6:1 ва дастаи Узбекистон тими Ветнамро бо ҳисоби 5:1 шикаст доданд.

Ҳамакнун дар даври ниманиҳоӣ 26-уми апрел Узбекистон бо Эрон рақобат мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Bangkok Arena соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Бояд тазаккур дод, 16 дастаи мунтахаби иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз гурӯҳи “А” Тайланд ва Ветнам, аз гурӯҳи “В” Узбекистон ва Ироқ, аз гурӯҳи “С” Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз гурӯҳи “D” Эрон ва Афғонистон ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад ва бори аввал аст, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтааст.

Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Ҷоми Осиё-2024

Нимфинал

26-уми апрел (ҷумъа)

Тайланд - Тоҷикистон – соати 16:00 (бо вақти Душанбе).

Бангкок, варзишгоҳи Hua Mark Indoor

Узбекистон – Эрон – соати 19:00 (бо вақти Душанбе).

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

XS
SM
MD
LG