Созишнома 18-уми апрели имсол дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе имзо шуда, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 23-юми апрел ҷузъиёти онро нашр кард.
Ба иттилои ин ниҳод, аз соли 2018 то ин вақт "ҳангоми интиқоли мусофирон ва борҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо рухсатнома талаб карда мешуд".
Акнун бар асоси санаде, ки нав имзо шуд, дигар чунин иҷозатнома талаб карда намешавад. Вазорати нақлиёт гуфт, тартиби нав баъди гузаштани расмиёти дохилидавлатӣ, аз ҷумла, тасдиқи порлумон ба иҷро медарояд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон умедворӣ кардааст, ки бекор шудани иҷозатнома "имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад".
Иҷозатнома ё "дозвол" як шикояти асосии ронандагони мошинҳои боркаше аст, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ аз ҷумла ба Узбекистон маҳсулот мекашонанд.
Аз ҷумла, охири моҳи январи имсол даҳҳо ронандаи мошини борбар дар гузаргоҳи "Фотеҳобод - Ойбек" ҷамъ шуда буданд. Он замон ронандагон гуфтанд, ҳарчанд роҳ ба Узбекистон боз аст, дарёфти рухсатнома аз тарафи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон онҳоро аз идомаи сафар боздоштааст.
Азим Иброҳим рӯзи 8-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфта буд, рухсатномаро аз кишвари ҳамсоя мегиранд ва барои ҳамин онҳо низ мунтазир мешаванд.
Давоми шаш соли ахир Узбекистон яке аз масирҳои асосии боркашонӣ барои Тоҷикистон шудааст. Миёни ду кишвар 13 гузаргоҳ амал мекунанд.
Бори аввал нест, ки афзоиши нархи рухсатнома ва камчинии он боис ба ташвиши ронандагон мешавад. Дар гузашта ин масъала борҳо расонаӣ шуда, мақомот ҳам ваъдаи ҳалли мушкилро дода буданд, вале ҳамчунон монд.
Соли гузашта наздик ба 80 ҳазор рухсатнома фурӯхта шудааст, ки ба камияш 8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Гуфтугӯ