Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Русия "террористон"-ро дар марз нобуд кардаанд


Тамрини нерӯҳои Русия дар Ҳарбмайдони Тоҷикистон, соли 2021
Тамрини нерӯҳои Русия дар Ҳарбмайдони Тоҷикистон, соли 2021

Нерӯҳои Тоҷикистон ва Русия рӯзи 18-уми апрел ба размоишҳои муштарак дар Ҳарбмайдон, начандон дур аз марзи Афғонистон, поён доданд. Дар ҷараёни он шеваҳои ҷанг бо тундравон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуние тамрин шуд, ки гуё аз он тарафи сарҳад гузаштаанд. Видеоҳоро Вазорати дифои Русия нашр кард.

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки як ҳалқаи гурӯҳи ДОИШ онҷо паноҳ бурдааст, 1300 километр сарҳад дорад. Маҳз ҳамин гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба толори консертии “Крокус” дар наздикии Маскав бар уҳда гирифт. Дар он ҳодиса 144 нафар кушта шуданд.

Дар ҷараёни размоиши муштарак нерӯҳои ду кишвар аз аслиҳаву муҳимоти ҷангии гуногун истифода бурданд. Аз чархболҳои ҷангӣ то ба дронҳои хурди қотиле, ки ҳоло дар ҷангҳои муосир васеъ истифода мешаванд. Ба қавли фармондеҳони рус, дар размоиш таҷрибаҳоеро, ки дар ҷанги Украина бардоштанд, ба кор бурданд.

Фармондеҳи рус Дмитрий Глушенков гуфт: “Бо назардошти таҷрибаҳои бардошта аз ҷангҳои муосир ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар тамринҳо аҳамияти зиёде ба усулу шеваҳои нав ва васоили нави муборизаи мусаллаҳона дода шуд.”

Ба қавли фармондеҳони рус, ҳангоми тамринҳо душмани рамзӣ, ки террористону гурӯҳҳои мусаллаҳ буданд, нобуд карда шуданд.

Тоҷикистону Русия узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ҳастанд ва Тоҷикистон мизбони як пойгоҳи азими низомии Русия аст. Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерс”, машқҳои низомии муштарак аҳамият додани ду тарафро ба ҳамкориҳои низомӣ нишон дод, агарчӣ ҳамла ба “Крокус” хатари тира шудани робитаҳои ду тарафро ба вуҷуд овард.

Аксари муттаҳамони боздоштшуда ба ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ҳарчанд Русия иддао дорад, ки дар паси тирандозӣ дар “Крокус” нерӯҳои махсуси Украина меистанд. Киев ин иддаоро рад кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам чанде пеш иддаои як мақоми баландпояи амниятии Русияро рад карданд, ки гуфт, сафорати Украина дар Тоҷикистон машғули киро кардани зархаридон барои ҷанг ба зидди Русия аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тоҷикистону Русия “террористон”-ро маҳв карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00
XS
SM
MD
LG