Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ ба фармондеҳони Эрон барои ҳамла ба Исроил ташаккур гуфт


Хоманаӣ ҳангоми мулоқот бо фармондеҳони артиши Эрон дар бораи ҳамла ба Исроил сӯҳбат кардааст.
Хоманаӣ ҳангоми мулоқот бо фармондеҳони артиши Эрон дар бораи ҳамла ба Исроил сӯҳбат кардааст.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барои ҳамла ба Исроил изҳори сипос кард.

Як ҳафта пеш артиши Эрон бо бештар аз 300 мушак ва паҳпод ба Исроил зарба зад ва онро посух ба ҳамлаи маргбори Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ пойтахти Сурия номид. Хоманаӣ дар ин бора рӯзи 21-уми апрел ҳангоми мулоқот бо гурӯҳе аз фармондеҳони артиши Эрон сӯҳбат кардааст.

Баёнияи Хоманаӣ ба думболи вокуниши оромонаи Теҳрон ба ҳамлаи 19-уми апрел ба шаҳри Исфаҳони Эрон садо дод, ки онро як посухи ҷавобии Исроил медонанд. Ба ақидаи нозирон, худдории Теҳрон аз таҳдидҳои бештар як талоше барои роҳ надодан ба ҷанги васеътар байни ду тараф ва дар минтақа аст.

Расонаҳои давлатии Эрон рӯзи 21-уми апрел Оятуллоҳ Алии Хоманаиро нақли қавл кардаанд, ки гуфтааст: “Мавзӯи теъдоди мушакҳои шилликшуда ва ё мушакҳои ба ҳадаф исобат карда, ки тарафи муқобил бар рӯи онҳо мутамаркиз шуда, мавзӯи дасти дуввум ва фаръӣ аст. Мавзӯи аслӣ зуҳури қудрату иродаи миллати Эрон ва нерӯҳои мусаллаҳ дар арсаи байналмилалӣ ва исботи он аст.”

Айни замон ӯ артиши Эронро ташвиқ кардааст, ки “навоварӣ дар таслиҳотро идома диҳанд ва шеваҳои амалкарди душманро омӯзанд.”

Рӯзи 19-уми апрел Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки сухани ниҳоӣ дар умури динӣ ва сиёсии Эронро мезанад 89-сола шуд. Расонаҳои Эрон бо такя ба мақомоти расмӣ гуфтанд, дар ҳамлаи рӯзи 19-уми апрел, системаи зиддимушакӣ се паҳподро маҳв кард. Исроил ин гузоришро шарҳ надодааст.

Хабаргузории Ройтерс бо такя ба се манбаи огаҳ навиштааст, ҳукумати нахуствазир Бенямин Нетаняҳу аввал амр додааст, ки дар посух ба ҳамлаҳои рӯзи 14-уми апрел ба Исроил ба дохили Эрон ҳамла сурат бигирад, вале дар дақиқаҳои охир аз иҷрои он даст кашидааст.

Ба қавли Ройтерс, дар ҳукумати Нетаняҳу сари ин масъала ихтилофоти назар будааст ва ҳампаймонҳои Исроил аз ҷумла Амрико ба Нетаняҳу ҳушдор додаанд, ки муноқишаро шиддат набахшад. Барои ҳамин Исроил ду дафъа амри ҳамла ба Эронро ба таъхир андохта ва зарбаҳои маҳдуде ба Исфаҳон задааст.

Артиши Эрон рӯзи 14-уми апрел бо 300 паҳпод ва мушак ба Исроил зарба зад, ки ба гуфтаи мақомоти Тел Авив бисёре аз онҳо дар ҳаво маҳв карда шуданд. Дар аз байн бурдани онҳо нерӯҳои Амрикову Фаронса, Бритониё ва Ӯрдун низ кӯмак кардаанд.

Ҳамлаи Эронро бисёриҳо интизор доштанд, чун Эрон гуфта буд, ки ҳамлаи ҳавоии Исроил ба консулгариаш дар Димишқро бепосух намегузорад, ки дар натиҷаи он ду генерали эронӣ кушта шуданд. Ин ҳамла рӯзи 1-уми апрел сурат гирифт ва Исроил ҳам онро шарҳ надодааст. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳам ҳеч сухане дар бораи ин зарба нагуфтааст.

Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт, ки ҳеч осеберо дар таъсисоти атомии Эрон дар Исфаҳон мушоҳида накардааст. Яке аз реакторҳои асосии атомии Эрон дар Натанз дар Исфаҳон ҷойгир аст. Исроил ва Эрон даҳсолаҳост, ки душмании ашаддии ҳамдигар ҳастанд ва бо истифода аз гурӯҳу гумоштаҳои худ, ба ҳадафу таъсисоти якдигар дар кишварҳои саввум ҳамла кардаанд.

XS
SM
MD
LG