Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соҳиби 53 мактаби наву муҷаҳҳазу пешрафта мешавад


Вазорати маорифи Тоҷикистон ба мактабҳои зиёде эҳтиёҷ дорад, чун муассисаҳои таълимии бисёре фарсудаву куҳна шудаанд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон ба мактабҳои зиёде эҳтиёҷ дорад, чун муассисаҳои таълимии бисёре фарсудаву куҳна шудаанд.

Вакилони мардумии Тоҷикистон чанд созишнома бо Бонки Исломии Рушдро тасвиб ва роҳро барои бунёди 53 мактаб боз карданд.

Чаҳор созишнома рӯзи 17-уми апрел дар нишасти Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва бо тарафдории раъйи аксарият қабул шудааст. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки тарҳи бунёди мактабҳо, ки вазорати маориф фавқуллода ба онҳо эҳтиёҷ дорад 86 миллион долларро ташкил медиҳад.

Созишнома барои гирифтани қарзу бунёди онҳоро ҳукумати Тоҷикистон моҳи январи имсол имзо кард. Ба гуфтаи дафтари матбуот: “Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби қарзи Бонки исломии рушд ба маблағи 45 миллион доллар, гранти Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот ба маблағи 25 миллион доллар ва қарзи Фонди ОПЕК ба маблағи 8 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он 8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.»

Сохтмони мактабҳо бояд имсол оғоз ёбад ва соли 2029 ба поён расад. Ҳадаф аз иҷрои тарҳ, баланд бардоштани сатҳи таълиму таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон муҷаҳҳаз кардани онҳо бо компютеру фанновариҳои нав ва татбиқи «Стратегияи миллии рушди маориф» будааст.

Дар Тоҷикистон, ки солона бештар аз 200 ҳазор тифл ба дунё меояд, ҳукумат тавони бунёди мактабҳои нав ва фароҳам кардани шароити таҳсили муносиб барои кӯдаконро надорад. Шикоят аз мактабҳои фарсудаву таҳсили кӯдакон дар вагону синфҳои нимавайронаву хатарнок солҳост, ки идома дорад.

XS
SM
MD
LG