Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷир дар Русия чӣ гуна иттиҳоми терроризмро ба дӯш гирифт?


Муҳоҷир дар Русия чӣ гуна терроризмро ба дӯш гирифт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Муҳоҷир дар Русия чӣ гуна терроризмро ба дӯш гирифт?

Дар Русия як муҳоҷир аз Қирғизистонро зери шиканҷа маҷбур карданд, ки ҳамдастӣ ва сафед кардани терроризмро эътироф кунад.

Илҳом Мирзомаҳмудови 39-соларо соли гузашта мақомоти Русия боздошт карданд.

Наздиконаш мегӯянд, чанд нафарро муфаттишони рус маҷбур кардаанд, ки зидди ӯ шаҳодати дурӯғ бидиҳанд.

Илҳом Мирзомаҳмудов зодаи Қизилқиё, як шаҳраки хурди вилояти Бодканди Қирғизистон, дар Перм бо ҳамватанони худ кор мекард. Моҳи январи соли гузашта ӯро бо гумони кумак ва сафед кардани терроризм боздошт карданд. Мақомоти рус иддао доранд, ки гӯё ӯ ба “ҷиноят” иқрор шудааст.

Зайнабхон Мирзомаҳмудова, модари Илҳом мегӯяд, ӯ зери шиканҷа иттиҳомро ба гардан гирифтааст. “Тарҷумон гуфт, ки Илҳомро сахт латукӯб кардаанд ва баъдан ӯ ночор ба ҷиноят иқрор шуд. Гуфта мешавад, ӯро барои 15 сол зиндонӣ мекунанд. Ман ин ҳамаро таҳаммул карда наметавонам. Хӯрду хобамро фаромӯш кардаам. Ин бисёр вазнин аст,”—гуфт модари ӯ.

Ҳангоми дар боздошт будан ба Илҳом Мирзомаҳмудов иҷозат доданд, ки бо хонаводааш тамос гирад. Ӯ дар ин суҳбат ба наздиконаш гуфтааст, ки вақти боздошт телефонашро аз дасташ гирифта, ба касе пул гузаронданд ва ин иттиҳомро ҳамчун “саромоягузорӣ ба терроризм” дар парвандааш ҷой доданд. Дар сабти садо ӯ чунин мегӯяд: “Вақте маро боздошт карданд ва телефонамро гирифтанд, соат 7:15 буд. Дар соати 7:28 пул ба ҳисоби номаълум 255 рубл фиристода шудааст. Ман ин корро накардаам. Барои он, ки вақте ӯ маро ҳамроҳӣ мекард, соат 7-10 дақиқа буд.”

Тафтишот шаҳодати ҳамватанони Илҳомро, ки ҳамроҳаш дар Перм кор мекарданд, ба унвони далели гунаҳгор будани ӯ истифода намудааст. Гӯё онҳо эътироф карданд, ки боздоштшуда аксар вақт наворҳои террористиро тамошо карда, фаъолияти онҳоро сафед мекард. Хабарнигорони “Migrant Media”, тарҳи Радиои Озодӣ Илҳом ном яке аз шоҳидонро пайдо карданд, ки ҳамсояи боздоштшуда аст. Ӯ гуфт, ӯ вақте зери фишор ба як варақи холӣ имзо гузошт, намедонист, ки зидди ҳамватани худ шоҳидӣ медиҳад.
“Дар он ҷо кормандони ФСБ ба наздам омада, маро ҳамроҳи худ бурданд. Гуфтанд, имзо гузорам, раҳоям мекунанд. Вақте ман рад кардам, ба таҳдид гузаштанд. Се соат маро азоб доданд. Як варақи сафеди холиро барои имзо оварданд. Баъд, ба ман гуфтанд, ки дар протокол бо имзои ман гувоҳӣ ҳаст, ки Илҳом гӯё дар Сурия буд ва ба террористон кумак кардааст, ”-- гуфт Илҳом Абдураҳмонов.

Ба гуфтаи ин мард, чунин баёнот аз шоҳидони дигар низ зери фишор ва шиканҷа гирифта шудааст. “Тавре маълум шуд, ба ғайри ман боз се нафари дигар бар зидди Илҳом баёнот додаанд. Онҳоро латтукӯб карданд, ба дасташон завлона заданд ва таҳдид намуданд. Барои ҳамин онҳо ҳоло аз суҳбати ошкоро метарсанд,”—нақл кард ӯ.

Хабарнигорони “Migrant Media” бо шоҳиди дигари парвандаи Мирзомаҳмудов тамос гирифтанд. Ӯ собиқ ҳамсинфи Илҳом аз шаҳри Қизилқиё мебошад. Ба гуфтаи вай, муфаттишони Русия ӯро низ маҷбур кардаанд, ки ба як коғази холӣ имзо гузорад. Ҳуснида, ҳамсари Илҳом, шаҳрванди Узбекистон аст ва ҳоло дар Фарғона ба сар мебарад. Ба нақли Ҳуснида, дар як манзили иҷора дар Перм, ки ин хонавода зиндагӣ мекард, ҳангоми кофтуков худи пулис ашёҳоеро гузошта, баъдан онҳоро дар парвандаи ҷиноӣ ҳамчун далели шайъӣ сабт кардаанд.

“Чаҳор мард ниқоб доштанд, ду нафар либосӣ мулкӣ дошт, нозири минтақавӣ ва ду каси дигар аз берун ҳамчун шоҳид буданд. Онҳоро як тарҷумони узбекзабон ҳамроҳӣ мекард. Яке аз онҳо маро ба ҳаммом бурд ва гуфт оббозӣ кунам. Духтаронам гиря мекарданд. Баъд ба ошхона ҷеғ заданд. Яке аз онҳо китоберо аз ҷевон гирифт ва пурсид, ки аз ман аст ё аз шавҳарам? Ман гуфтам, аз ягон нафари мо нест. Якум бор аст, ки мебинам. Ба тарҷумон гуфтам, ки ин сохтакорӣ аст, маро дар ҳаммом маҳкам карданд ва худашон китобро инҷо гузоштанд. Тарҷумон хомӯш монд,”--нақл кард ҳамсари Илҳом.

Ба гуфтаи наздикон, ду моҳи пеш парвандаи Мирзомаҳмудовро ба додгоҳи Екатеренбург супориданд. Ҳарчанд парванда аз ҷониби пулиси Перм боз шудааст.

Илҳом ва Ҳуснида ду духтар доранд. Ӯ дар Қизилқиё ҳамчун нонвой кор мекард. Аз хурдӣ аз падар ятим мондаву аз 12 солагӣ ягона ноновар дар оилаи калонашон буд. Ӯ дар баробари ҳамсару фарзандон, се хоҳар ва модари бознишастаашро саробонӣ мекард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG