Бозии даври аввали гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ 18-уми апрел дар шаҳри Бангкок, дар маҷмааи варзишии “Бангкок Арена”, соати 12:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - дохиланд.
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрел дар Тайланд доир мегардад, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18-уми апрел), Қирғизистон (20-уми апрел) ва Ҷопон (22-юми апрел) рақобат мекунад.
Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзад. Натиҷаи аз ҳама беҳтарини футзалбозони тоҷик роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоӣ мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон ду бор (солҳои 2007 ва 2022) ба чорякфинал баромада буд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);
Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Шонздаҳ дастаи мунтахаби иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст.
Таркиби гурӯҳҳо:
Гурӯҳи "А"
Тайланд
Ветнам
Мянмар
Чин
Гурӯҳи "В"
Узбекистан
Арабистони Саудӣ
Ироқ
Австралия
Гурӯҳи "С"
Ҷопон
Тоҷикистон
Кореяи Ҷанубӣ
Қирғизистон
Гурӯҳи "D"
Эрон
Кувайт
Баҳрайн
Афғонистон
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 17-уми апрел бо бозиҳои даври аввал дар гурӯҳҳои “А” ва “В” шуруъ шуд, ки натиҷаҳояш чунин аст: гурӯҳи “А” - Тайланд – Чин – 3:1, Ветнам – Мянмар – 1:1, гурӯҳи “В” - Узбекистон – Австралия – 3:2, Арабистони Саудӣ – Ироқ – 1:5.
18-уми апрел бозиҳои даври аввал дар ду гурӯҳи дигар доир мегарданд: гурӯҳи “С” – Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ (12:00), Ҷопон – Қирғизистон – (16:00), гурӯҳи “D” – Эрон – Афғонистон (16:00), Кувайт – Баҳрайн (19:00).
Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд.
Дар сурати ба чорякфинал роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи "D" – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон - бозӣ хоҳад кард.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Гуфтугӯ