Хабаргузории расмии "ТАСС" бо такя ба Додгоҳи ноҳияи Басманни иттилоъ дод, ки шикояти шаҳрванди Тоҷикистонро Додгоҳи шаҳри Маскав баррасӣ мекунад.
Мақомоти тафтишотии Русия алайҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи "анҷоми амали террористӣ дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта, ки боиси марги инсон шудааст", парванда боз кардаанд.
Баъзе аз расонаҳои Русия қаблан навишта буданд, ки ӯ як рӯз баъди ҳамла дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав барои дағалӣ бо полис боздошт ва дертар гуё рабт доштанаш ба ҳодиса собит шудааст. Азбаски он замон мурофиа паси дарҳои баста гузашта буд, мавқеи худаш маълум набуд. Дар зодгоҳаш ба дурустии он шубҳа доранд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта барои суҳбат бо наздикони Лутфуллои Назримад ба ноҳияи Панҷ рафтанд, аммо онҳоро наёфтанд. Ҳамсояҳои ин ҷавон гуфтанд, ӯ мактабро бо баҳои аъло хатм кардааст ва ба иттиҳоми эълоншуда нисбат ба ӯ дар Русия бовар надоранд. Вай тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, барои ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафтааст.
Лутфуллои Назримад фарзанди калонии Назримад Ҳаётов, корманди идоари фарҳанги ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, будааст. Ба гуфтаи наздиконаш, падари хонадон ӯро барои кор ба Русия фиристода буд, то бо мадади писараш соҳиби манзил шаванд.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" шаби 22-юми март сурат гирифт ва бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса даҳ шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудаанд.
Яке аз гумонбарон Муҳаммадзоир Шарифзода рӯзи 8-уми апрел нисбат ба қарори Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав дар мавриди ҳабсаш шикоят кардааст. Аз он пеш се нафар, падару писар Исломовҳо, аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят карда буданд, вале Додгоҳи Маскав даъвои онҳоро напазируфт.