Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 12 варзишгар (11 марду 1 зан) дохиланд:
Гуштии озод
57 кг – Айаал Белолюбский
61 кг – Ҷамшед Шарифов
65 кг – Камол Бегаков
70 кг – Мустафо Аҳмадов
74 кг – Виктор Рассадин
79 кг – Магомет Евлоев
53 кг – Ватансултон Шакаршоева
Гуштии юнонию румӣ
60 кг – Асламҷон Азизов
67 кг – Фирӯз Мирзораҷабов
87 кг – Суҳроб Абдулҳаев
97 кг – Мирзоамин Сафаров
130 кг – Эдуард Бабеношев
Нахуст мусобиқа дар риштаи гуштии озод байни мардон сурат мегирад. Бар асоси қуръакашӣ Айаал Белолюбский бо Кум Ким аз Кореяи Ҷанубӣ, Ҷамшед Шарипов бо Таринду Хаттуван аз Шри-Ланка, Камол Бегаков бо Рохит Рохит аз Ҳиндустон, Мустафо Аҳмадов бо ғолиби ҷуфти Меиржан Аширови қирғиз ва Перман Ҳоммадови туркман, Виктор Рассадин бо Санго Хан аз Кореяи Ҷанубӣ, Магомет Евлоев бо Адилет Маратбаеви қирғиз рақобат мекунанд.
Варзишгарон дар ин мусобиқот барои 30 маҷмуи медалҳо (10 вазн дар гуштии озод миёни мардон, 10 вазн дар гуштии юнонию румӣ байни мардон ва 10 вазн дар гуштии занона) мубориза мебаранд.
Бишкек бори сеюм мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии Осиёро дар риштаи гуштии варзишӣ ба зимма гирифтааст. Қаблан чунин мусобиқот дар пойтахти Қирғизистон солҳои 2007 ва 2018 доир гардида буд.
Зимнан, мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ аз соли 1979 байни мардон ва дар риштаи гуштии озод миёни занон аз соли 1996 доир мегардад.
Дар мусобиқоти қитъавӣ намояндагони Тоҷикстон ҳамагӣ 17 медал (1 тилло, 5 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Ягона медали тиллоро Юсуф Абдусаломов соли 2003 дар қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод дар вазни 74 кило дар Ню-Деҳлии Ҳиндустон гирифтааст.
Варзишгарони тоҷик, инчунин аз 19-ум то 21-уми апрел дар Бишкек дар мусобиқоти интихобӣ дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса ширкат меварзанд.
Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло чаҳор роҳхат гирифтаанд, ки сетоаш ба риштаи бокс ва яктоаш ба таеквондо марбут аст.
Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.
Роҳхати сеюмро Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овард.
Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 гардид.
Ин чаҳорумин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 ба шумор меравад. Мунира дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 кило муқобили намояндагони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.
Гуфтугӯ