Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сахт ошуфта буд." Дархости ҳамсари Сулаймон Давлатов аз мақомоти Литва


Сулаймон Давлатов дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар навору баҳсҳои мазҳабӣ гузошта, аз ҳукумати Тоҷикистон сахт танқид мекард
Сулаймон Давлатов дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар навору баҳсҳои мазҳабӣ гузошта, аз ҳукумати Тоҷикистон сахт танқид мекард

Ҳамсари паноҳанда ва фаъоли сиёсии тоҷик Сулаймон Давлатов аз президенти Литва хостааст, ки ба қазияи шавҳараш дахолат карда, нагузорад, ӯро ба Тоҷикистон фиристанд. Давлатовро ба гумони "таҳдид ба амнияти миллӣ"-и Литва рӯзи 5-уми апрел дастгир карданд. Худаш дар паёме ин иттиҳомро бепоя донист.

Ҳурматбибӣ Раҳматшоева, ҳамсари Сулаймон Давлатов, рӯзи 10-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш бегуноҳ аст, вале агар ҷониби Литва ӯро ба чизе айбдор медонад, бояд дар хоки худ муҳокима кунад, на ин ки ба Тоҷикистон фиристад.

"Пас аз се рӯзи боздошт, 8-уми апрел, бо шавҳарам суҳбат кардам. Сахт ошуфта буд. Аз ҳоли фарзандон пурсид. Бачаи калониамон бемор аст," – гуфт ҳамсари Сулаймон Давлатов. Хонум Раҳматшоева афзуд, номаро рӯзи 9-уми апрел ба ҳукумати Литва фиристодааст.

"Навиштам, ки агар ба Тоҷикистон истирдод шавад, ба ӯ ҷазои сангин, ҳабси тӯлонӣ ва ҳатто марг таҳдид мекунад. Мо ба Литва, ба кишваре паноҳанда шудем, ки ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром қоил аст. Мақомоти Тоҷикистон шавҳарамро соли 2015 маҳз барои узвият дар созмони "Гурӯҳи 24" таъқиб карданд ва хонаводаи мо дар Литва паноҳанда шуд," -- илова кард Ҳурматбибӣ Раҳматшоева.

Дар ин нома, ки нусхаашро Радиои Озодӣ низ дид, аз мақомоти Литва дархост шудааст, ки ҷараёни мурофиаи Сулаймон Давлатов ба таври боз ва бо ширкати ҳуқуқдонҳо ва хабарнигорон баргузор шавад.

Сулаймон Давлатов, ки дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар навору баҳсҳои мазҳабӣ гузошта, аз ҳукумати Тоҷикистон сахт танқид мекард, рӯзи 5-уми апрели имсол аз тарафи маъмурони амниятии Литва дастгир шуд. Ӯро дар Боздоштгоҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд.

Додситонии кулли Литва рӯзи 9-уми апрел ба Радио ва Телевизиони миллии Литва гуфтааст, "Давлатов ба далели робитааш бо аъзо ва ҷонибдорони созмонҳои террористӣ, анҷуманҳои ифротӣ ва таблиғи ақидаҳои ифротгароёна ба амнияти миллии Литва таҳдид мекунад."

Сулаймон Давлатов дар як паёми хатӣ ва видеоӣ, ки нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст, иттиҳоми мақомоти Литваро комилан беасос донистааст.

Ӯ мегӯяд, "агар Идораи амнияти давлатии Литва дар мавриди робитаи ман бо кадом созмони террористӣ ва аъзои он далел дорад, талаб мекунам, онро нишон диҳанд, ба таври мушаххас айб пешниҳод кунанд ва мунсифона таҳқиқ намоянд." Паём рӯзи 10-уми апрел сабт шудааст.

Давлатов дар идома аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки дар баррасии қазияаш ширкат кунанд ва ҳамзамон омодагии худро барои посух додан ба ҳама суолҳо баён доштааст.

"Кору зиндагии ман ҳамеша боз ва бар пояи қонун буда, ба пуштибонӣ аз адолат, демократия, баробарӣ ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон нигаронда шудааст. Ҳама гуна иттиҳоми иртиботро бо гурӯҳҳои ифротгаро ё террористӣ қатъиян рад мекунам. Ман зиёда аз даҳ сол боз алайҳи режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳуқуқу озодиҳои мардумро поймол мекунад, мавқеи ошкору фаъол дорам," - илова кардааст. ӯ

Сулаймон Давлатови 37-сола аз шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон давоми нӯҳ соли охир дар Аврупо паноҳанда буд. Ба гуфтаи шахсони наздикаш, дар Вилнюс ошхона, дӯкон ва нонвойхона дорад. Соҳиби се фарзанд аст.

Дар гузашта узви “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон буд. Соли 2015 ҳангоми гузаштан аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Финландия аз сӯйи пулиси байнулмилалӣ дастгир ва сипас раҳо шуд.

XS
SM
MD
LG