Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шаҳри Душанбе пурсиданд, ки дар охири моҳи Рамазон чанд соат барқ мегиранд.
ПОСУХҲОИ СОКИНОНРО ИНҶО ХОНЕД:
- Дирӯз тамоман барқ надоданд. Дар Рамазон хӯроки хунук мехӯрем, чойи гарм нест. Газ истифода мебарем.
- Шамъу чароғ мемонем, барқ нест, дигар чӣ кор кунем. Азоб мекашем.
- Як соат ду соат дуввуним соат медиҳанд.
- Ду рӯз шуд барқ надорем. Ним-як соат барқ медиҳанд, боз қатъ мекунанд. Барқ хомӯш шавад, об ҳам нест. Аз сабаби набудани барқ, телефонҳоямонро қувва мондан наметавонем, имрӯз саҳарихурак хеста натавонистам.
- Се-чор соат барқ барқ медиҳанд.
- Дар ягонҷо барқ нест, корхонаҳо ҳам барқ надоранд. Як-ду соат медиҳанд тамом. Моҳи Рамазонро бо машаққат гузарондем. Барқ набошад, хӯрокро пазондан ҳам душвор.
Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Мақомот камбуди об дар обанборҳо, таъмири таҷҳизот, садама ва якбора зиёд шудани истифодаи барқро аз сабабҳои камбуди барқ дар кишвар мегӯянд. Аммо бархе бовар доранд, ки фурӯши барқ ба Афғонистон сабаби камбуди он дар дохили кишвар шудааст.
Гуфтугӯ