Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ-и Тоҷикистон изҳороти дабири Шӯрои амнияти Русияро рад кард


Николай Патрушев
Николай Патрушев

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти дабири Шӯрои амнияти Русияро дар бораи ҷалби зархаридон дар Душанбе ба таври расмӣ рад кардааст.

Николай Патрушев рӯзи чоруми апрел масъулони сафорати Украинаро дар Тоҷикистон ба ҷалби зархаридон барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ, аз ҷумла алайҳи Русия, муттаҳам кард.

Изҳороти ӯ дар нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Қазоқистон садо дод.

"Мо зикр мекунем, ки ин изҳороти мақомдори Русия ҳеч асос надорад," – гуфтааст Шоҳин Самадӣ, намояндаи ВКХ-и Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел ба хабаргузории ТАСС.

Вай афзудааст, мақомоти Тоҷикистон намегузоранд, ки намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар қаламрави кишвар берун аз салоҳияташон амал кунанд, аммо ҳамзамон хостааст, аз изҳорот ва баёни шарҳҳои тасдиқношуда худдорӣ шавад.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷалбу омӯзиш ва сармоягузории зархаридон мамнуъст. Барои ин кор тибқи Кодекси ҷиноӣ аз панҷ то дувоздаҳ сол зиндон таҳдид мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти дабири Шӯрои амнияти Русияро ба таври расмӣ рад кардааст.

Николай Патрушев рӯзи чоруми апрел масъулони сафорати Украинаро дар Душанбе ба ҷалби зархаридон барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ, аз ҷумла алайҳи Русия, муттаҳам кард.

Изҳороти ӯ дар нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Қазоқистон садо дод.

"Мо зикр мекунем, ки ин изҳороти мақомдори Русия ҳеч асос надорад," – гуфтааст Шоҳин Самадӣ, намояндаи ВКХ-и Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел ба хабаргузории ТАСС.

Вай афзудааст, мақомоти Тоҷикистон намегузоранд, ки намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар қаламрави кишвар берун аз салоҳияташон амал кунанд, вале ҳамзамон хостааст, аз изҳорот ва баёни шарҳҳои тасдиқношуда худдорӣ шавад.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷалбу омӯзиш ва сармоягузории зархаридон мамнуъст. Барои ин кор тибқи Кодекси ҷиноӣ аз панҷ то дувоздаҳ сол зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG