Суҳбатҳо дар бораи ҳамлаи маргбор ба “Крокус” ва эҳтимоли нақши тоҷикон дар он аз мавзуъҳоест, ки ин шабу рӯз миёни сокинон бештар садо медиҳад. Бархе мегӯянд, аз тақдири норушани муҳоҷирони меҳнатӣ ва боздошту ихроҷи онҳо, ки аз ягона манбаи даромад маҳрум мемонанд, нигаронанд. Афродеро шеваи боздошту шиканҷаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” бештар нигарон кардааст.
Се писари Абдукарим Икромов, сокини шаҳри Душанбе дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия аст. Ӯ рӯзи 4-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бештар аз тақдири фарзандон нигарон аст, ки акнун чӣ мешавад?
“Фарзандон дар сохтмон кор мекунанд. Гуфтанд вазъият чунин аст, ки ҳоло аз хона кор меравему шабҳо ягон ҷо намегардем, вазъият ҳамин хел муташанниҷ. Нисбати фарзандон ҳатто ҳамсояҳояшон, ки ду рӯз пеш ё як ҳафта пеш як табақ ош карда медоданд, як бурида нон медодагӣ - ана ҳамонҳо гуфтаанд, ки аз анборҳо чизҳоятонро гиред" - гуфт ӯ.
Рӯзи 4-уми апрел пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки тақдири минбаъдаи муҳоҷирон ягона масъалае нест, ки сокинонро дар ташвиш гузоштааст. Шубҳа дар фарзияи расмии ҳамла ва иҷрокунандаҳои он дар сӯҳбати бисёриҳо садо медиҳад. Як зан гуфт:
“Ин ҳақиқат надорад, ки ҳамон муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кор даст дошта бошад, боздошти онҳо моро бештар дар ташвиш гузоштааст. Рости гап, ин ба ҳама маълум аст, ки ягон ҳақиқат надорад. Аммо тоҷик дар онҷо шароити хуб, ки надорад, мумкин барои ҳамин. Ин туҳмати рӯирост аст, ягон асоси воқеӣ надорад”, - гуфт яке аз мусоҳибони мо.
Ҳамсуҳбати дигар таъкид намуд, ки “шояд аз ноогоҳӣ ё камсаводӣ ҳамин корро карда бошанд, ин барои мо нигаронкунанда аст, ингуна корҳо аз бесаводӣ мешавад”.
Роҳгузари дигар мегӯяд, “маро дилам ба ҳамон шаҳрвандоне, ки дар Русия кор мекунанд, ба онҳо месӯзад, ки аз пушти беақлии як инсон, ҷони онҳо дар хатар мешавад. Оқибаташ ба хайр бошад”.
“Ҳамамон зиқ шудем, ки чӣ хел фарзандҳои мо ба муҳоҷират мераванду ин хел кор мешавад. Ҳамаи модарон хавотир мешаванд - чӣ аз мо, чӣ аз дигарон бошад. Мо дар ҳайрат мондем, ки барои як луқма нон мераванд, чаро ин корро ташкил мекарда бошанд? Ҳеҷ вақт бовар надорем, ки онҳо ҳамин корро карда бошанд. То ҳол мо дар ташвишем. Ман ҳатто гурда накардам ба тамошои онҳо. Касе, ки модар аст, ин гуна чизҳоро нигоҳ карда наметавонад», гуфт яке аз мусоҳибони дигари мо.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Онҳо ба куштори мардуми бегуноҳ дар толори консертии “Крокус” ва панҷ нафари дигар барои мадад ба онҳо муттаҳам мешаванд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳои доғ атрофи қазияи ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл» ба назар мерасад.
Яке муҳоҷиронеро маҳкум мекунанд, ки мақомоти Русия онҳоро ҳамлаварони асосӣ меноманд, дигаре мегӯянд, шубҳа доранд, ки тоҷикон чунин кореро анҷом дода тавонанд. Баҳсу суҳбатҳое, ки зоҳиран дар Тоҷикистон ба ин наздикӣ хомӯш намешаванд.
Таҳлигарон мегӯянд, ташвишу нигаронии сокинон атрофи қазияи "Крокус Сити Ҳолл» асос дорад. Афзоиши бадбинии мақомоту мардуми бумӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик, шеваи боздошту шиканҷаи намоишкоронаи гумонбарон аз сӯи мақомоти рус барои таҳлилгар Абдумалик Қодиров бештар нигаронкунанда аст.
«Ва чизи дигаре, ки боиси ташвиш аст, ин шеваи инъикоси ин масъала дар расонаҳои Русия аст, ки онҳо воқеан ҳам мардуми тоҷикро ба ҳайси як мардуми ифротгаро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодаанд. Албатта ифротгаро на миллат дорад, на дин дорад ва на ҳалқият. Ифротгаро ифротгаро аст, вале маҳз таъкид кардани инки инҳо намояндагони мардуми тоҷик ҳастанд, ба обрӯву эътибори мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ хеле як зиёни бад мерасонад ва ин воқеан ҳам нигаронкунанд аст», - афзуд таҳлилгар Абдумалик Қодиров.
Овозхони маъруфи тоҷик Садриддини Нажмиддин дар як даъвате аз муҳоҷирон хостааст, ба ватан баргарданд ва мақомот ҳам "пулҳои ҷамъкардаашонро барои кору даромади мардум сарф кунанд".
Боздошту тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия пас аз ҳамлаи маргбор ба маркази мусиқии "Крокус" сахттар шудааст.
Бо гузашти ду ҳафта аз ин ҳодиса аз гӯшаву канори Русия хабар мерасад, ки муҳоҷиронро даста-даста боздошт ва бархеро ҷарима ва бархеро ихроҷ мекунанд. Дар робита ба ин қазия мақомоти тоҷик то ҳол расман вокуниш накардаанд, ки онҳоро бештар чӣ дар ташвиш гузоштааст ва барои ҳалли мушкил чӣ хоҳанд кард.
Гуфтугӯ