Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ПМТ сукути ҳукуматро дар баробари вазъи муҳоҷирон дар Русия маҳкум кард


Ҳамлаи нерӯҳои таъйиноти махсуси Русия ба хобгоҳи коргарони тоҷик дар вилояти Маскав, 3 апрели соли 2024. Акс баргирифта аз наворҳои корбарон.
Ҳамлаи нерӯҳои таъйиноти махсуси Русия ба хобгоҳи коргарони тоҷик дар вилояти Маскав, 3 апрели соли 2024. Акс баргирифта аз наворҳои корбарон.

Паймони миллии Тоҷикистон - эътилофи созмонҳои мухолифони тоҷик дар хориҷа ва мамнӯъ дар Тоҷикистон -  фишор ва боздошту шиканҷаи шаҳрвандони ин кишварро дар Русия ва сукути ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмонро маҳкум кард.

Дар изҳороти ин созмон омадааст, “бо вуҷуди гузашти беш аз 10 рӯз аз ҳодиса ва ҳолати ногувори муҳоҷирони тоҷик, аз тарафи президент Раҳмон ҳеҷ изҳороти расмӣ дар ҳимоят аз муҳоҷирон содир нашудааст”, дар ҳоле, ки ба қавли ин созмон, эҳтиром ва ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони якдигар бояд як асли муҳими шарикии стратегӣ миёни Маскав ва Душанбе бояд бошад.

Мақомот дар Тоҷикистон дар давоми ду ҳафтаи баъди ҳамлаи мудҳиш болои “Крокус сити ҳолл”, ки дар робита бо он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, як дафъа вокуниши президентро нашр карданд, ки ҳамлаҳои террористиро маҳкум ва ба президенти Русия Владимир Путин аз кушта шудани даҳҳо нафар изҳори таслият кардаанд.

Ҳафтаи ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак дар таҳқиқи ин ҳодисаҳо изҳори сипос кард. Вале вокуниши аз ин бештаре аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон нашр нашудааст.

Паймони миллӣ тақозо кардааст, ки "Президент ҳамчун кафили ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои ҳимоят аз муҳоҷирон дар зудтарин фурсат бо изҳороти расмӣ ба В. Путин муроҷиат ва талаби таваққуфи боздоштҳо ва шиканҷаи худсаронаи муҳоҷирони тоҷик аз тарафи мақомоти русро намояд. Ҳамчунин талаб карда шавад, ки ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон эҳтиром гузошта шавад".

Барои баррасии вазъи тоҷикистониҳои боздошту шиканҷашуда як комиссияи босалоҳият «бо шумули шахсиятҳое аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон барои баррасии вазъияти ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар ҳамаи шаҳрҳои Русия ташкил шавад”.

Паймони миллӣ гуфтааст, дар сурати беэътиноии Русия Тоҷикистон бояд масъалаи бозпасгирии маркази назоратии “Окно” ва хуруҷи пойгоҳи 201-ро аз хоки Тоҷикистон ба миён гузорад.

Ҳанӯз вокуниши ҳукумати Тоҷикистон ба ин даъват маълум нест. Дар Тоҷикистон Паймони миллӣ ба феҳристи созмонҳои мамнӯъ ва террористӣ шомил карда шудааст.

XS
SM
MD
LG