Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, гуфтааст, кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бояд ба вазъияти Афғонистон таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд, то боварӣ ҳосил шавад, ки гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ аз хоки ин кишвар истифода карда наметавонанд. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир раёсати давраии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро ба уҳда дорад.
Мушовирони амнияти миллии кишварҳои узви созмон низ дар баёнияе аз ҳукумати "Толибон" хостаанд, то масъулияти худро дар мубориза бо гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ анҷом диҳад.
Ба гузориш хабаргузории русии "ТАСС", Николай Патрушев, дабири амнияти миллии Русия, гуфтааст, ки раҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви СҲШ аз "Толибон"-и ҳоким дар Афғонистон хостанд, то дар бахши мубориза бо терроризм, ба вижа созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба шакли доимӣ амал кунад.
Мақомоти ҳукумати "Толибон" то кунун ба ин гузоришҳо дар ин маврид вокуниш нишон надоданд. Аммо пеш аз ин борҳо гуфтанд, ки ба ҳеч гурӯҳе иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар истифода кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамлаи маргбори рӯзи 22-юми мартро ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав ба уҳда гирифт. Дар ин ҳамла беш аз 140 нафар кушта шуданд. Даҳ нафар дар робита ба ин ҳамла боздошт шуданд, ки бештари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи гузоришҳо, "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон фаъол аст ва аз замони ҳокимияти дубораи "Толибон" бар Афғонистон, масъулияти бисёре аз ҳамлаҳои хунин дар ин кишварро пазируфтааст.
Аз августи соли 2021, ки "Толибон" қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, курсии Афғонистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой холӣ аст, зеро ҳукумати ин гурӯҳ то ҳанӯз аз сӯи ҳеч кишваре, ба шумули аъзои ин созмон ба расмият шинохта нашудааст.
Гуфтугӯ