Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2024” 628 варзишгар (355 мард ва 273 зан) аз 93 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доштанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (даҳ мард ва ду зан) дохил буданд:
Мардон
-60 кг – Меҳрзод Суфиев
-60 кг – Ҳақдод Гулов
-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ
-66 кг – Обид Ҷебов
-73 кг – Абубакр Шеров
-81 кг – Сомон Маҳмадбеков
-90 кг – Комроншоҳи Устопириён
-90 кг – Умедҷон Раҷабов
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
-100 кг – Парвиз Абдураҳмонов
Занон
-52 кг — Аҳлия Муъминова
-52 кг – Насиба Карликова
Аз байни онҳо ду нафар – Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов медал гирифтанд.
Эмомалӣ дар вазни то 66 кило баъди се пирӯзӣ ба рақибонаш Элиос Манзи (Италия), Ҳаким Оғомамедов (Туркманистон), Кубаничбек Ойбек Уулу (Қирғизистон) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Паҳлавони 21-солаи тоҷик дар ин давр ҳамсолаш Муҳаммад Демирелро аз Туркия мағлуб намуда, ба финал баромад.
Вале Эмомалӣ дар даври ниҳоӣ аз рақиби 26-солаи номдору пуртаҷрибааш Ҳифуми Абеи ҷопонӣ, ки қаҳрамони олимпӣ ва чоркаратаи ҷаҳон аст, мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гардид.
Обид Ҷебов бошад, дар вазни то 66 кило бар Миҳрак Аккус (Туркия), Рашад Йелкийев (Озарбойҷон) ва Орландо Поланко (Куба) дастболо шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Аммо ӯ дар чорякфинал аз Валиде Кяри фаронсавӣ шикаст хӯрд.
Сипас Ҷебов дар даври тасаллобахш ба Нармандах Баянмунх аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пирӯзӣ ба даст овард. Паҳлавони 25-солаи тоҷик дар мубориза барои медали биринҷӣ Муҳаммад Демирели 21-солаи туркро мағлуб кард.
Инчунин Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило натиҷаи хуб нишон дод. Ӯ баъди чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш Артур Маргелидон (Канада), Рамазон Коҷаков (Баҳрайн), Киприанос Андреу (Кипр) ва Мануел Парлати (Италия) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Аммо Абубакр дар нимфинал аз Одил Османов (Молдова) ноком шуд, Паҳлавони 21-солаи тоҷик, бо вуҷуди он ки пояш лат хӯрда буд, барои дарёфти медали биринҷӣ бо Шаҳром Аҳадови 27-солаи узбекистонӣ рақбат карда, ноком шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.
Ғолибону ҷоизадорони “Antalya Grand Slam 2024”:
Мардон
-60 кг
1. Аюб БЛИЕВ (AIN, Русия)
2. Люка МХЕИДЗЕ (Фаронса)
3. Солеҳ ЁЛДИЗ (Туркия)
3. Эмиел ҶАРИНГ (Нидерланд)
-66 кг
1. Ҳифуми АБЕ (Ҷопон)
2. Эмомалӣ НУРАЛӢ (Тоҷикистон)
3. Обид ҶЕБОВ (Тоҷикистон)
3. Валиде ХЯР (Фаронса)
-73 кг
1. Адил ОСМАНОВ (Молдова)
2. Рашид МАММАДАЛИЕВ (Озарбойҷон)
3. Умалт ДЕМИРЕЛ (Туркия)
3. Шаҳром АҲАДОВ (Узбекистон)
-81 кг
1. Таканори НАГАСЕ (Ҷопон)
2. Франсис ГОТЙЕ ДРАПЙЕ (Канада)
3. Ҷулерм ШТИМДТ (Бразилия)
3. Жао ФЕРНОНДА (Португалия)
-90 кг
1. Санширо МУРОА (Ҷопон)
2. Вугар ТОЛИБОВ (Озарбойҷон)
3. Иван Филиппе СИЛВА МОРАЛЕС (Куба)
3. Махаэл ЗГАНК (Туркия)
-100 кг
1. Ҷорҷ ФОНСЕКА (Портулаия)
2. Шади ЭЛНАҲАС (Канада)
3. Гончигсурен БАТХУЯГ (Муғулистон)
3. Аарон ФОЛФ (Ҷопон)
+100 кг
1. Тедди РИНЕР (Фаронса)
2. Татсуру САИТО (Ҷопон)
3. Эрик АБРАМОВ (Олмон)
3. Валерий ЕНДОВИТСКИЙ (AIN, Русия)
Занон
-48 кг
1. Натсуми ТСУНОДА (Ҷопон)
2. Сила ЕРСИН (Туркия)
3. Абиба АБУЖАКИНОВА (Қазоқистон)
3. Нарансесег ГАНБААТАР (Муғулистон)
-52 кг
1. Ута АБЕ (Ҷопон)
2. Челси ГИЛЕС (Британияи Кабир)
3. Аюми ЛЕИВА САНЧАС (Испания)
3. Ана Вистоия ПУЛҶИЗ (Хорватия)
-57 кг
1. Криста ДЕГУЧИ (Канада)
2. Ҷессика ЛИМА (Бразилия)
3. Маяса ПИРДЯЕВА (Туркманистон)
3. Фаиза МОКДАР (Фаронса)
-63 кг
1. Ҷесу КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Дали ЛИЛУАШВИЛИ (AIN, Русия)
3. Мику ТАКАЧИ (Ҷопон)
3. Катарина КРИСТО (Хорватия)
-70 кг
1. Микаэла ПОЛЛЕРС (Австрия)
2. Таис ПИНА (Португалия)
3. Мадина ТАЙМАЗОВА (AIN, Русия)
3. Аи СУНОДА РУСТАНТ (Испания)
-78 кг
1. Маделина МАЛОНГА (Фаронса)
2. Алина БОЕМ (Олмон)
3. Женжар МА (Чин)
3. Анна-Мария ВАГНЕР (Олмон)
+78 кг
1. Ҷулия ТОЛОФУА (Фаронса)
2. Ксин СУ (Чин)
3. Каира ОЗДЕМИР (Туркия)
3. Ҳилол ОЗТУРК (Туркия)
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 8 медал (5 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кард.
Мунтахаби Фаронса бо касби 6 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва мунтахаби Канада бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 нуқра) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, инчунин як ҷойи панҷум мақоми 13-умро соҳиб шуд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гаштанд.
Соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Antalya Grand Slam 2023” Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар намояндагӣ карда, натавонистанд медал бигиранд.
Соли 2022 бошад, дар "Antalya Grand Slam” аз байни ҳашт варзишгари тоҷик танҳо Темур Раҳимов соҳиби ҷоиза гардида буд. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Зимнан, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов, ки ба иллати табобати ҷароҳаташ дар мусобиқоти имсола иштирок накардааст, мавқеи пешсафиашро дар вазни сангинтарин миёни мардон нигоҳ дошта натавонист.
Ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 5895 имтиёз баъди Инал Тасоеви русиягӣ (6200 имтиёз) дар ҷойи дувум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3950 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор дорад.