Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуҳ сокини Ваҳдат аз тарафи КДАМ Тоҷикистон боздошт шудаанд


Намое аз шаҳри Ваҳдат (Акс аз бойгонӣ)
Намое аз шаҳри Ваҳдат (Акс аз бойгонӣ)

Ба иттилои ду расонаи хабарии гуногун, дар давоми ин ҳафта дар Тоҷикистон 9 сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони робитаашон бо айбдоршавандагони ҳамлаи террористӣ дар Маскав боздошт шудаанд.

Муовини раиси шаҳри Ваҳдат Шокирҷон Икромзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро на тасдиқ ва на рад кард. Вай хост, бо чунин суол ба мақомоти интизомӣ муроҷиат шавад.

Шабакаи расонаҳои “Азия Плюс” ва хабаргузории Ройтерс рӯзи 29 март ба нақл аз манобеи худ гуфтанд, боздоштро ходимони КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат анҷом додаанд ва дастгиршудаҳо ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки як манбаъи Радиои Озодӣ ҳанӯз рӯзи сешанбе аз боздошт шудани гуруҳи 6-нафараи созмонёфта дар шаҳри Ваҳдат хабар дода буд. Ба гуфтаи ин сарчашма, гуруҳи мазкур ба иҷрои тарҳи як ҳамла омодагӣ медид. Вале ин хабарро ҳеч кас дар мақомоти интизомии Тоҷикистон тасдиқ накард. Ҳоло рӯшан нест, ин хабар ба боздошти 9 нафар, ки имрӯз расонаӣ мешавад, рабт дорад ё не.

Нусратуллоҳ Маҳмадзода, сухангӯи ВКД рӯзи 28 март ба суол дар пайванд ба ин боздоштҳо, изҳори беиттилоӣ карда буд.

Як манбаи дигар ба Радио Озодӣ гуфт, дар байни боздоштшудагон ноболиғон ҳам ҳастанд.

Феълан маълум нест, ин боздоштшудагон бо афроде, ки гумонбарони асосии ҳамла ба Крокус Сити Ҳолл чӣ робита доранд. Дар ҳамаи рӯзи 22 март 143 нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо Шохаи Хуросони ДОИШ ба ӯҳда гирифт ва барои иҷрои ин ҳамла мақомоти рус дастикам 7 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карданд.

Аз миёни гурӯҳи чорнафараи аввалини боздоштшуда бо гумони иҷрои ҳамлаи террористӣ як нафарашон - Саидакрам Раҷабализода аз шаҳри Ваҳдат мебошад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ вақте рӯзи 25-уми март ба хонаи Раҷабализода ба шаҳри Ваҳдат рафтанд. Хешовандони ӯ гуфтанд, мақомоти қудратӣ модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Саидакрам Раҷабализодаро ба Душанбе бурда, танҳо баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG