Гурӯҳи “А”: Қатар ғолиби гурӯҳ шуд
Дар гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Қатар пешакӣ ба марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт. Қатариҳо дар бозии даври чаҳорум Кувайтро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Қатар бо касби 12 имтиёз пешсаф аст.
Барои ҷойи дуюм Ҳиндустон (4 имтиёз), Афғонистон (4 имтиёз) ва Кувайт (3 имтиёз) талош доранд.
Гурӯҳи “Е”: Эрон ва Узбекистон пеш мераванд
Дар гурӯҳи “Е” 26-уми март ду бозӣ доир гардид: Туркманистон - Эрон (0:1) ва Узбекистон - Ҳонконг (3:0).
Дастаҳои мунтахаби Эрон ва Узбекистон, ки 10-имтиёзӣ гирифтаанд, ба марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026, роҳ ёфтанд. Туркманистон ва Ҳонконг якимтиёзӣ доранд.
Гурӯҳи “F”: Ироқ ба марҳилаи сеюм баромад
Натоиҷи бозиҳои гурӯҳи “F”, ки 26-уми март барпо гардиданд, чунин аст: Ветнам - Индонезия - 0:3, Филиппин - Ироқ - 0:5.
Мунтахаби Ироқ бо касби 12 имтиёз ба марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт. Индонезии - 7, Ветнам – 3 ва Филиппин - 1 имтиёз доранд.
Гурӯҳи “Н”: Пешрафти Иморот ва Баҳрайн
Дар ду бозии даври чаҳоруми гурӯҳи “Н” Баҳрайн бар Непал ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бар Яман бо ҳисоби якхелаи 3:0 пирӯз шуданд.
Дар натиҷа, баъди чаҳор давр Иморот бо касби 12 имтиёз ва Баҳрайн бо касби 9 имтиёз пешакӣ соҳиби роҳхат ба марҳилаи сеюми мусобиқот гаштанд. Яман 3 имтиёз дорад, Непал бидуни имтиёз аст.
Гурӯҳи “I”: Австралия ба марҳилаи сеюм меравад
Боз як дастаи мунтахабе, ки ба марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 пешакӣ роҳхат гирифт, Австралия мебошад, ки дар даври чаҳорум Лубнонро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Австралиягиҳо 12 имтиёз доранд.
Фаластин, ки Бангладешро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, 7 имтиёз гирифтааст. Лубнон 2 имтиёз ва Бангладеш як имтиёз ба даст овардаанд.
Гурӯҳи “В”: вирус айбдор шуд
Дар гурӯҳи “В” Кореяи Шимолӣ тими Ҷопонро барои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 иҷозат надод.
Ба гуфтаи баъзе манобеъ, ин тасмим метавонад ба вируси нави STSS - синдроми токсикии стрептококк, ки дар Ҷопон паҳн мешавад, иртибот дошта бошад.
Гуфта мешавад, ки ин вирус дар ҳудуди 30 дарсади мавридҳо ба марг оварда мерасонад.
Дар натиҷа бозии Кореяи Шимолӣ ва Ҷопон баргузор нашуд. Дар бозӣ миёни тимҳои Сурия ва Мянмар суриягиҳо бо ҳисоби бузурги 7:0 ғалаба карданд.
Ҷопон пас аз се бозӣ бо касби 9 имтиёз дар гурӯҳ дар ҷойи аввал аст. Сурия бо касби 7 имтиёз дар ҷойи дуюм, Кореяи Шимолӣ бо касби 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Мянмар бо касби 1 имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор доранд.
Гурӯҳи “С”: Кореяи Ҷанубӣ пешсаф аст
Дар гурӯҳи “С” дар даври чаҳорум Тайланд аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд, Чин бар Сингапур бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
Кореяи Ҷанубӣ 10 имтиёз, Чин – 7, Тайланд – 4 ва Сингапур як имтиёз гирифтаанд.
Гурӯҳи “D”: Қирғизистон ва Умон пешсафанд
Дар гурӯҳи “D” ду бозии даври чаҳорум сурат гирифт. Малайзия дар Куала-Лумпур аз Умон бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд, мунтахаби Қирғизистон дар Бишкек Тайбэйи Чинро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.
Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқот дар ин гурӯҳ дастаҳои Қирғизистон ва Умон бо касби 9-имтиёзӣ пешсафанд. Малайзия 6 имтиёз дорад, Тайбэйи Чин бе имтиёз аст.
Гурӯҳи “G”: Тоҷикистон сади роҳи Саудӣ шуд
Бозии дигари гурӯҳи “G” миёни тимҳои миллии Урдун ва Покистон бо ҳисоби бузурги 7:0 ба суди урдуниҳо ба поён расид.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “G” Арабистони Саудӣ бо касби 10 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун бо касби 7 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Тоҷикистон бо касби 5 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шудааст. Покистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Дар ин гурӯҳ ба пирӯзии Арабистони Саудӣ шубҳае нест. Барои роҳхати дуюм дастаҳои Урдуну Тоҷикистон мубориза мебаранд.
Урдуниҳо, ки дар даври панҷум 6-уми июн дар майдони худ бо футболбозони тоҷик рақобат мекунанд, барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан шонси хубтар доранд.
Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.
Ба ин тартиб, 11-уми июн, аз рӯи натиҷагирии шаш даври мусобиқот, дар ҳар як гурӯҳ ду дастае, ки ба марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 роҳ ёфта, инчунин соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мегарданд, маълум хоҳанд шуд.
Натоиҷи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026:
Гурӯҳи “А”:
Кувайт - Қатар - 1:2
Ҳиндустон - Афғонистон - 1:2
Гурӯҳи “В”:
Сурия - Мянмар - 7:0
Кореяи Шимолӣ - Ҷопон – баргузор нашуд
Гурӯҳи “С”:
Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ - 0:3
Чин - Сингапур - 4:1
Қирғизистон – Тайбэйи Чин - 5:1
Малайзия - Умон - 0:2
Гурӯҳи “Е”:
Туркманистон - Эрон - 0:1
Узбекистон - Ҳонконг - 3:0
Гурӯҳи “F”:
Ветнам - Индонезия - 0:3
Филиппин - Ироқ - 0:5
Гурӯҳи “G”:
Урдун - Покистон - 7:0
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ - 1:1
Гурӯҳи “Н”:
Баҳрайн - Непал - 3:0
Яман - Иморот - 0:3
Гурӯҳи “I”:
Бангладеш - Фаластин - 0:1
Лубнон - Австралия - 0:5
Гуфтугӯ