Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагон дар ҳамлаи Крокус Сити ба 115 нафар расид


Дар назди толори консертии Крокус Сити
Дар назди толори консертии Крокус Сити

Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳолл” 115 нафар ба ҳалокат расидаанд.

То ин дам шумори кушташудаҳоро Кумитаи тафтишоти Русия 62 нафар мегуфт ва Вазорати беҳдошти Русия хабар дода буд, ки 120 нафар дар беморхона бистарӣ буда, даҳо нафари онҳо вазъи вазнин доранд.

Ҳодиса шоми 22-юми март, пеш аз оғози консерти дастаи мусиқии "Пикник" рӯй дод. Бино ба хабари расонаҳо, шахсони мусаллаҳ бо либоси ҷангӣ ба толори консертии "Крокус Сити" дар ноҳияи Красногорски наздикии Маскав даромада, норинҷак ё "коктейли Молотов" таркондаву мардумро аз силоҳ парондаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузории "Рейтерс", гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бо нашри баёнияе дар Телеграм масъулияти ҳамларо ба толори консертӣ дар канори Маскав ба дӯш гирифтааст. Мақомоти Русия то ҳол дар ин бора ибрози назар накарданд.

Расонаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Sky News ва Reuters бо иқтибос аз баёнияи гурӯҳи “Давлати исломӣ” навиштанд, ки ҷангҷӯён "ба як ҷамъомади калон дар канори пойтахти Русия ҳуҷум карданд". Ба иттилои ин манобеъ, дар изҳороти ДОИШ гуфта шудааст, ки "ҳамлаварон ба пойгоҳҳои худ баргаштанд". Аз ин пеш расонаҳои Русия дар бораи ҳанӯз дар озодӣ будани ҳамлаварон ҳушдор дода буданд.

XS
SM
MD
LG