Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз дастаҳои беҳтарини Тоҷикистон пароканда шудааст


Дастаи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ
Дастаи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ

Дастаи футболи “Файзканд” дар ноҳияи Восеъ, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ карда буд, пароканда шудааст.

Бозигарони даста мегӯянд, пуштибонии молӣ наёфтанд ва маҷбур шуданд, ки дастаро тарк кунанд.

Дилшод Назирмадов, шореҳи варзиш мегӯяд, дастаи “Файзканд” соли гузашта дар панҷгонаи беҳтарин дастаҳои кишвар ҷойгир шуда буд. “Онҷо дастаҳое буданд, ки 7 миллиону 10 миллион сармоягузорӣ мешуданд, вале ба панҷгона роҳ наёфтанд,”—гуфт ӯ.

Дар ноҳияи Восеъ, ки ҳудуди 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва яке аз ноҳияҳои бузург дар вилояти Хатлон аст, ду дастаи футбол вуҷуд дошт. Дастаи футболи “Ҳулбук”-ро бештар ҳукумат сармоягузорӣ мекунад, вале дастаи футболи “Файзканд” бо пули соҳибкорон фаъол буд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Яке аз дастаҳои беҳтарини Тоҷикистон пароканда шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ мегӯяд, тавони ҳукумат барои сармоягузории ду дастаи футбол намерасад. “Лекин мо ҳаракат мекунем, ҳозир муроҷиат ҳам кардем ба соҳибкорон, ки кумак кунанд. Дар соли 2023 мо ба дастаи “Файзканд” 800 ҳазор сомонӣ ҷудо кардем, бо ҳамин 800 ҳазор ҷои панҷум гирифт,”—гуфт раиси ноҳия.

Соли гузашта “Файзканд” дар Лигаи олӣ ва “Ҳулбук” дар лигаи аввал бозӣ мекарданд.

“Солҳои пеш сарпарастон дастгирӣ мекарданд. Мо фақат аз ҳисоби мақомоти иҷроия ва аз ҳисоби молия маблағгузорӣ кардем. Ҳатто ба раиси вилоят мактуб кардем, то ҳамин ду дастаро дастгирӣ кунад. Дастаи “Ҳулбук”-ро мо худамон кумак мекунем. Лекин он дастае ҳаст, ки ба 1 милиону ду милион намешавад,”—гуфт раиси Восеъ.

Мудири дастаи “Файзканд” аз суҳбат дар ин бора худдорӣ намуд. Ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ки ин даста барои идомаи бозӣ аз ҳукумат 4 милиону 600 ҳазор сомонӣ хостааст, вале барояшон онро надоданд.

Дастаи “Файзканд” соли 2018 дар ҷамоати Рӯдакии ноҳия Восеъ таъсис ёфта, дар муддати кутоҳ ба лигаи олии футбол роҳ ёфт.

Пароканда шудани як дастаи футбол дар ҳолест, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба СММ пешниҳод кард, то соли рушди футбол эълон кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG