Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Чин барандаи ҷанг дар Украина аст?


Ҷанг дар Украина ҳамчунон идома дорад, вале ба далели пешравиҳои маҳдуд дар майдони набард ба бунбаст рӯбарӯ шудааст. Пас аз ду сол ҷанг, Чин чӣ гуна тавонистааст аз ҷанг дар Украина фоида барад?

Нигоҳе ба мавзуъ

Шояд Си Ҷинпин, раҳбари Чин, нисбат ба рушди оҳистаи иқтисодӣ ва рукуди бозори манзил дар дохили кишвараш эҳсоси нигаронӣ кунад, вале далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ӯ дар хориҷ эҳсоси ҷасорат дорад.

Дар ибтидо бояд гуфт, Чин дар ҷанг нест, аз назари геополитикӣ дар инзиво ё гӯша ба сар намебарад ва тавонистааст, ки аз пайомадҳои густурдатари ҳуҷуми президенти Русия Владимир Путин ба Украина фоида барад.

Чин худро ба унвони як сулҳбон дар ин даргирӣ муаррифӣ карда, дар айни ҳол Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба доман задан ба ҷанг аз тариқи ҳимояти низомии худ аз Украина муттаҳам мекунад.

Пекин ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба пуштибонии ноустувори Ғарб аз Украина, эҳсоси роҳатӣ мекунад. Миллиардҳо доллар ёрии низомии Амрико ба Украина ҳамчунон дар Конгресс банд мондааст. Ва ба далели афзоиши хастагии бархоста аз ҷанг ва баҳс ба сари буҷет дар остонаи интихоботи президентии Амрико дар моҳи ноябр даргириҳои бештаре дар роҳ аст.

Умри фоидаовари зоҳиран кӯтоҳи ҳимояти Ғарб аз Украина бешак дар Пекин мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва дар ҳар тарҳи эҳтимолии оянда дар иртибот бо иқдом алайҳи Тайван мадди назар қарор мегирад.

Ин ҷанг ҳамчунин озмуне будааст, ки ба наздик шудани ҳарчи бештари Чин ва Русия ба якдигар кумак кардааст. Дар ҳоле ки Пекин дар ҳолатҳое дунболи дурӣ ҷустан аз Маскав будааст, ба иқтисоди ин кишвар ёрӣ карда ва то ҷойе, ки имкон дошта, аз Русия ҳимояти сиёсӣ кардааст.

Русия ҳамчунин имрӯз бисёр бештар аз ҳар вақти дигар ба Чин вобаста аст -- раванде, ки дар оянда идома хоҳад дошт.

Чаро муҳим аст?

Бо нигоҳе ба оянда, муносибатҳои Амрико ва Чин ҳамчунон мавзӯи асосии сиёсатҳои Си Ҷинпин хоҳад буд. Дар ҳоле ки Пекин ва Вашингтон ҳамакнун ба дунболи ором нигоҳ доштани вазъ ҳастанд, интихоботи ояндаи Амрико низ ғайри қобили пешбинӣ аст.

Аз як сӯ, Доналд Трамп, президенти пешини Амрико, ҷанги тиҷоратӣ ба роҳ андохт ва танишҳоро афзоиш дод. Аммо пирӯзии ӯ эҳтимол эътилофҳои Амрикоро дар саросари ҷаҳон заъиф хоҳад кард.

Ёриҳои бандмонда ба Украина ва як Амрикои билқувва беҳадафтар дар Тайван низ аз назарҳо дур мондааст. Ахиран ҳайате аз мақомоти баландпояи тайванӣ, ки ба Вашингтон сафар карда буд, ба сайти "Политико" гуфта буданд, ки онҳо "бисёр нигарон" ҳастанд, ки Украина ба ҳоли худ гузошта шавад.

Дар гуфтугӯҳое, ки порсол бо мақомоти тайванӣ доштам, онҳо аксаран ишора мекарданд, ки чӣ қадар муҳим аст Украина пирӯз шавад ва ин паёми муҳимеро ба Ҳизби коммунисти Чин дар бораи Тайван мефиристад.

Бодҳои геополитикии ҷанги Украина ба таври қотеъ мумкин аст баъдтар дар соли 2024 тағйир кунад, аммо дар ҳоли ҳозир ба назар мерасад, ки ба нафъи Чин мевазад.

  • Акси 16x9

    Рид Стэндиш

    Рид Стэндиш рӯзноманигорест, ки масъалаҳои Русия ва Авруосиёро бозтоб медиҳад. Вай қаблан барои маҷаллаи Foreign Policy дар Маскав кор мекард ва борҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG