Деҳқонон чанд сол пеш аз хоҷагии ба номи “Алишер Навоӣ” чанд сол пеш ҳамчун саҳм барои кишт қитъаи замин гирфит абуданд, вале бо гузашти як муддати кутоҳ заминҳоро дар ихтиёри хоҷагии деҳқонии “Басида” гузаронидаанд.
Деҳқонони сокинони деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич ҳастанд, ки ҳоло аз даҳҳо дарахти парвардаашон маҳрум шуда, тақдири даҳҳо гектар заминашон норӯшан мондааст. Онҳо шикоят доранд, ки бе огоҳӣ ва бе ризояташон мақомоти маҳаллӣ дарахтони онҳоро бурида ё талош кардаанд, қисме аз боғҳоро нобуд кунанд.
Маҳмуд Ҳамроқулов, сокини ноҳияи Деваштич гуфт: “75 сафедор, 8 ё 12 зардолуро буриданд ва боқимондаашро ман омадам, бурида натавонистанд. Дуто дарахти нокро ба буридан сар карданд, ки ман омадам ва доштам. Чор ё ҳашт нафар бачаҳо бо араи барқӣ омада буданд.”
Саодат Гулмуродова, як деҳқони дигар мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ барои тахриби боғзори онҳо ризоият додаанд. “Ба хоҷагии “Алишер Навоӣ” аъзо шуда будем. Ба тариқи шартнома замини захиравӣ доштем. Дар 40 сотих ноки навъи бобоӣ шинонида будем. Ҳаминро бо решашон кофта партофтанд. Кӣ ба ин кирдор ҳуқуқ дорад ё рухсат додагӣ аст? Сонӣ фаҳмидем, ки Бахши экологияи вилоятӣ, раиси ноҳия ва раиси ҷамоат ҳамаашон барои ин имзо гузоштаанд. Ҳайрон шудем, ки дарахтон гул карда, сабзида буданд ва ҳамаашон ҳосилдеҳ буданд,”—гуфт ӯ.
Сурайё Муҳиддинова, сокини ноҳияи Деваштич мегӯяд, рӯзиашонро аз ҳамин заминҳо ба даст меоварданд. “Халқ аз пайи ҳамин нон мехӯрданд. Ҳамаи дарахтонро решакан карданд. Боғҳоро вайрон карданд. Дар ин боғҳо картошка ва себу нок мешуд,”—афзуд ӯ.
Деҳқонон ва сокинони деҳаи Ҳазорчашма мегӯянд, барои ба ин ҳол расидани дарахтони мевадиҳанда Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич ва дигар кормандонаш сабабгоранд, чун қарори кучонидани дарахтонро надидаву насанҷида баровардаанд.
Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич гуфт, ӯ қарори тахриби боғзорҳоро пас аз таҳқиқи комиссия имзо гузоштааст.
Видеоро инҷо бинед:
Дар санаде, ки раис ба он ишора мекунад, гуфта мешавад, ин заминҳо солҳо истифода нашуда, дарахтони он аз ҳосил мондаанд. Аммо деҳқонон мегӯянд дарахтҳо пиру беҳосил набуданд ва бо заҳмати зиёд парварда шудаанд. Дар аксҳо дида мешавад, ки чандин бех нок ва дигар дарахтони сарсабз дар айни гул кардану ҳосил бастан решакан шудаанд.
Рустам Сатторов, як тан аз боғдорони зиёндида гуфт: “Инҷо об набуд. Ягон чоҳи амудӣ ё дигар роҳи обёрӣ набуд. Аз дуриҳо бо хар об оварда, ин дарахтҳоро калон кардаем. Инҳо ягонтоаш хушк нашудааст. Инҳо хушк шудаанд гуфта, экология санда карда буриданд.”
Маҳмуд Ҳамроқулов, сокини ноҳияи Деваштич пир будани дарахтонро баҳона медонад. “Ин нокҳо ҳабдаҳсола ҳастанд. Дар хонаи одамони калонсоли деҳа дарахтони ноке ҳастанд, ки сад сол умр доранд. Дарахтони калон аз 100 то 200 кило нок медиҳад. Ин дарахтон нав то 50 килограм нок ҳосил медод. Омаданду гуфтанд, ки инҳоро кучонед ва аз нав шинонед,”—гуфт ӯ.
Деҳқонону саҳмдорон ва сокинони деҳаи Ҳазорчашма мегӯянд, буридани дарахтон ё кӯшиши ин ҳолат бо шикояти раиси нави хоҷагии “Басида”, Пиримқул Сатторқулов ба амал омадааст. Ҷонибҳо беш аз як сол боз бар сари замин баҳси додгоҳӣ доштанд ва замони кӯчонидани дарахтон ба оғози баҳс рост меояд. Сатторқулов дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дарвоқеъ ин ҳолат бо муроҷиати ӯ сурат гирифтааст ва ба ягон қоидавайронкунӣ даст назадааст.
“Заминҳои обӣ ба чарогоҳ табдил ёфтаанд. Ягон сол зироаткорӣ накардаанд. Тибқи нақша бояд ҳарсол дар хоҷагии деҳқонии “Басида” 20 гектар картошка корем. Ман мегӯям, ки картошка корида, ба худатон ҳосилашро гиред. Ба ман лозим нест. Мақсад инки дар бозори Тоҷикистон бисёр шавад. Арзон шавад. Ҳоло картошкаро бинед 5-6 сомонӣ шудааст,”—гуфт ӯ.
Таърихчаи баҳси деҳқонон бо раҳбари хоҷагии “Басида” чунин аст: Кооперативи истеҳсолии ба номи “Алишер Навоӣ” соли 1997 бо қарори вақти раиси ноҳияи Ғончӣ (Деваштичи ҳозира) ташкил шуда, соли 2005 бо қарори нав он аз ҳисоби 9 хоҷагии деҳқонии дигар васеъ гардидааст. Соли 2019 бо иловаи тақрибан 160 гектар заминҳои захиравӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Тибқи санадҳо бо қарори Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич, моҳи январи соли 2022 заминҳои захиравии деҳаи Ҳазорчашма ба ҳолати аввала баргардонида мешавад ва тақрибан 160 гектар аз кооперативи истеҳсолии Алишер Навоӣ бароварда мешавад. Моҳи декабри ҳамон сол бо қарори дигари ҳамин раис тақрибан 52 гектари ин заминҳо ба хоҷагии деҳқонии “Басида” гузаронида шудааст. Деҳқонон мегӯянд, мантиқи қарорҳои раисро нафаҳмиданд ва сардаргум шудаанд. Иддао доранд, ки бо ин қарорҳо ҳуқуқи садҳо деҳқон поймол шудааст. Як моҳ пеш ин масъаларо дар нишасти хабарии раиси ноҳияи Деваштич дар миён гузоштем.
“Заминҳое, ки бо қарори раиси ноҳия вобаста шуда буд, муҳлаташ расидагӣ буд. Барои ҳамин аз нав қарор қабул кардан лозим шуд. Ба ҳар касе замин лозим буд, ариза кард ва ба ҳамин хоҷагии мо вобаста кардем. Аз ҳамин сабаб шартномаҳо бекор шудаанд,”—гуфт ӯ.
Аммо аз рӯи ин ҳолат деҳқонон аввал ба раиси ноҳия ва баъдан ба дигар мақомот, ҳатто раисиҷумҳури Тоҷикистон, муроҷиат карда, то ба додгоҳ баҳсро кашондаанд. Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд моҳи январи имсол ҳалномаро ба фоидаи раиси ноҳия ва хоҷагии деҳқонии “Басида” бароварда, таъинот содир кардааст.
Ҳамакнун сокинони деҳаи Ҳазорчашма хоҳони онанд, ки ин масъаларо бори дигар масъулони Додситонии кул ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аз рӯи адолат баррасӣ намуда, ҳақро ба ҳақдор расонанд.
Баҳси саҳмдории сокинон ва хоҷагидорон дар Тоҷикистон бисёр шудааст. Даҳҳо деҳқонон баъди аз сӯйи мақомот роҳи ҳал наёфтан ба расонаҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд. Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳам ҳамасола аз боздошту муҷозоти даҳҳо масъулони ин соҳа ва мансабдорони маҳаллӣ хабар медиҳанд. Аммо чунин мавридҳо сол то сол бештар мешаванд.
Гуфтугӯ