Ин ниҳод гуфт, мудири анбори ширкати "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Истаравшан бо он гумонбар аст, ки номбурда бо истифода аз ваколати мансабияш даст ба ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ задааст.
Худи Ҳомидов ё адвокаташ барои шарҳи ҳодиса дастрас нестанд.
Видеоро инҷо бинед:
Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати дуздии маблағҳои бузург аз шабакаҳои барқ аст, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз ошкор шуданашон хабар медиҳад. Пештар аз ин ин ниҳод аз ошкор шудани тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ пули давлат аз ҷониби роҳбарони “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” хабар дода буд.