Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, агар ҷанги Украина намешуд, Хуҷанд дигар буд


Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд

Мақомдорони вилояти Суғд мегӯянд, ҷанги байни Русия ва Украина чанд тарҳи иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Украинаро баҳам задааст.

Як лоиҳае, ки иҷрояш мебоист дар аввали соли 2022 сар мешуд, якбора қатъ гардид ва масъалаи гармкунии биноҳои дастикам се шаҳри азими шимоли Тоҷикистонро ҳалношуда боқӣ гузошт. Ин тарҳро ширкатҳои бонуфузи украинӣ пешниҳод карда буданд ва сармоягузории комилро ҳам ба души худ гирифтаанд.

Дар ин баландии мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бояд калонтарин маркази гармидиҳии вилояти Суғд бунёд гардад. Тибқи лоиҳа он дар ҳудуди 20 гектар аз ҷониби сармоягузорони украинӣ бояд сохта мешуд ва ҳазорҳо манзили сокинони шимоли Тоҷикистонро бо гармӣ фаро мегирифт. Вале ҳамлаи Русия ба Украина ва ҷанги ҳамакнун беш аз дусола ин тарҳро иҷроношуда боқӣ гузошт.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт: “Лоиҳае, ки мо се сол пеш омода карда будем, дар мавзеи Рухак оиди ташкил намудани маркази гармидиҳӣ барои шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон, то ки хонаҳои баландошёна бо системаи ягона гарм карда шаванд. Ин лоиҳа ҳоло қатъ нагардидааст. Муноқишае, ки дар ҳамин давлат рух дода истодааст, ба ҳамин сабаб мутахассисон наомада истодаанд. Мутахассисоне, ки аз Украина омада қариб ним сол кор карданд, баъди ҳамин ҳодисаҳои нохуш дигар наомаданд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ҷанги Украина мардуми Суғдро аз гармӣ маҳрум кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00

Аз рӯи лоиҳае, ки моликони ширкати украинии “Enterprises Ltd” пешниҳод гардидааст, кафолати кори маркази гармидиҳӣ на кам аз 40 солро дар бар мегирад ва дар сурати хуб нигоҳ доштан метавонад даҳсолаҳои дигар ба сокинони минтақа хидмат намояд.

Шарифҷон Ахмедов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилояти Суғд гуфт: “Чунин гуфтугузор шуда буд, ки ҳамаи маблағгузорӣ аз ҷониби ҳамин ширкат амалӣ карда шуда, то замони ҳисобӣ кардани маблағ ТЭС-ро онҳо соҳибӣ мекунанд. Баъди ин иншоотро дар ихтиёри давлати Тоҷикистон медиҳанд. Дар ин мӯҳлат мо метавонистем, мутахассисони худро омода намоем ва дар минбаъда корбарӣ кунем.”

Ин ҳамкории дуҷониба ягона тарҳе нест, ки ба иллати ҳамлаи Русия ба Украина қатъ гардид. Эҳёи пойгоҳи обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод низ қарор буд, тақрибан бо харҷӣ 60 милион доллар аз ҷониби сармоягузорони украинӣ маблағгузорӣ шавад. Вале ҷанг дар он кишвар барои амалишавии ин лоиҳа низ монеъ гардид.

Тарҳи нотамом дар Суғд
Тарҳи нотамом дар Суғд

Дар калонтарин шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон марказҳои гармидиҳӣ, ки замоне дар фасли сармо барои хонаҳои сокинон гармӣ мерасониданд, ҳама аз кор мондаанд. Сокинон мегӯянд, масъулони идораи барқрасонӣ аз онҳо даъват доранд, ки барқро сарфакорона истифода баранд. Ягона василаи гарм кардани хонаҳои бисёрошёна дар сармо асбобу таҷҳизоти барқист. Дар зимистони харҷи масрафоти неру барқ ба маротиб зиёд мешавад.

Дилрабо Бобоева, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, “вақте гап дар бораи хонаро гарм кардан меравад, барои мо хеле масъалаи вазнин аст, чунки дар бисёре аз хонаҳо кӯдакони хурдсол аст, гарм накунед, намешавад. Вақте гармкунакҳои барқиро дар хонаҳои баландошёна мемонем, бениҳоят барқро зиёд мегиранд. Хусусан, ду моҳ пеш 400-500 сомон барои як моҳ супоридем. Ин барои мардуми миёнаҳол хеле маблағи калон аст.”

Нориниссо Раҳматова, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, “бисёр хуб мешуд, агар газ меомад ё марказҳои гармидиҳӣ фаъол мешуданд.”

Баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ аксари дегхонаҳои вилояти Суғд ба оҳистагӣ аз кор мондаанд. Ҳоло ҳамагӣ як дегхона короист ва он ҳам ба сабаби набудани мизоҷон кор намекунад. Бахши шабакаҳои гармидиҳии хадамоти зист ва комуналии шаҳри Хуҷанд соли 2008 бо барномаи Энергетикаи Тоҷикистон бунёд гардид. Ин шабака бо ангишт кор мекунад ва бинобар нархи гарон сокинони Хуҷанд аз он истифода накардаанд.

Ҳам мақомот ва ҳам сокинони шаҳрҳои калони вилояти Суғд умедворанд, ки ҷанги Украина хотима ёбаду мутахассисони украинӣ тарҳи оғозшударо ба анҷом расонанд ва дар лулаҳои яхбаста, гармии деринтизор ояд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG