Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ИМА ба изҳороти Макрон: "Ба Украина нерӯи заминӣ намефиристем"


Ҷо Байден ва Эммануэл Макрон
Ҷо Байден ва Эммануэл Макрон

Як рӯз пас аз он ки раисҷумҳури Фаронса идеяи фиристодани нерӯҳои заминии ғарбиро ба Украина барои муқобила бо ҳуҷуми Русия матраҳ кард, Кохи Сафед гуфт, ки Амрико барои ҷанг дар Украина сарбоз нахоҳад фиристод. Дигар аъзои аслии НАТО ҳам ба ин пешниҳод мухолифат карданд.

Адриенне Ватсон, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, рӯзи сешанбе гуфт, "раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба таври ошкоро гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида нерӯеро барои ҷанг ба Украина намефиристад".

Вай афзудааст, Ҷо Байден ба ин бовар аст, ки "масири пирӯзӣ" ниёз ба ёриҳои низомӣ дорад, ки дар ҳоли ҳозир аз тарафи Конгресси Амрико баста шудааст.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, рӯзи душанбе дар нишасти 20 раҳбари аврупоӣ дар Порис таъкид кард, ки ҳеч гузинаеро, аз ҷумла фиристодани нерӯҳои заминӣ аз тарафи Аврупо барои муқобила бо Русия дар ҷабҳаи Украина "набояд ҳазф кард".

Вай афзуд, "ҳеч иттифоқе дар ҳимояти расмӣ аз тарҳи фиристодани нерӯҳои заминӣ вуҷуд надорад. Бо ин вуҷуд, ҳеч гузинаро набояд аз байн бурд. Ҳар кореро дар тавонамон ҳаст, хоҳем кард, то мутмаин шавем, ки Русия пирӯз нахоҳад шуд".

Аъзои аслии дигари НАТО ҳам пешниҳоди Макронро барои фиристодани нерӯи низомӣ ба Украина рад карданд. Аз ҷумла, Олмон ва Бритониё рӯзи сешанбе ба ин пешниҳод мухолифат намуданд. Ин изҳорот ҳамчунин вокуниши мухолифони ҳукумати Фаронсаро барангехт.

Дар вокуниш ба ин пешниҳод, Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия ба блоки Ғарб дар бораи ҳар гуна рӯёрӯии мустақим миёни аъзои НАТО ва Русия дар Украина ҳушдор дод.

Аммо Михаил Подоляк, мушовири раиси ҷумҳури Украина аз изҳороти Макрон истиқбол кард ва ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфт, "ин нишонаи хубе аст ва ба таври ошкоро баҳсро ба сатҳи дигаре мебарад".

Мақомоти баландпояи ҳукумати Фаронса рӯзи сешанбе аз изҳороти Макрон дифоъ ва бо ин ҳол талош карданд онро каме мулоимтар кунанд.

Стефан Сежурне, вазири корҳои хориҷии Фаронса рӯзи сешанбе бо ишора ба чораҳои поксозии минаҳо ва тавлиди аслиҳа дар хоки Украина такрор кард, ки "дар рӯёрӯӣ бо ҳамлаи Русия, ғарбиҳо бояд чораҳои наверо барои ҳимоят аз Украина дар назар бигиранд".

Раҳбарони Украина рӯзи якшанбе аз кишварҳои ғарбӣ хостанд, то кӯмакҳои низомии худро ба Украина ҳифз кунанд. Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ду сол мегузарад.

Аммо кӯмаки низомии бештар ба Украина аз тарафи бузургтарин пуштибони ин кишвар, яъне Амрико бинобар мухолифати ҷумҳурихоҳон дар Конгресс, ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG