Дар ин бора Иван Жданов, яке аз ҳамсафони Алексей Навалний, рӯзи 24-уми феврал дар саҳифааш дар Телеграм хабар дод.
Кира Ярмиш, сухангӯйи Алексей Навалний дар шабакаи "Х" (Твиттери собиқ) навишт, ки рӯзи дафни сиёсатмадори мухолиф ҳанӯз дақиқ нест.
Вай гуфтааст, маълум нест, мақомоти Русия ба ташкили маросими видоъ ва дафн "ба он тарзе, ки оилааш мехоҳад ва он тавре, ки Алексей шоиста аст" иҷоза хоҳанд дод ё не.
Ярмиш дар идома аз ҳамаи онҳое, ки супурдани ҷасади Навалнийро ба хешовандонаш талаб карда буданд, изҳори сипос намудааст.
Беш аз навад ҳазор кас дар муроҷиати боз аз мақомоти Русия хостанд, ки ҷасади Алексей Навалнийро ба наздиконаш бидиҳанд.
Алексей Навалний, сиёсатмадори 47-солаи мухолиф ва яке аз мунтақидони сарсахти Кремл, ба иттилои мақомоти Русия, рӯзи 16-уми феврал дар зиндон даргузашт. Ӯ дар маҳбасе дар минтақаи дурафтодаи Ямало-Ненетс нигаҳдорӣ мешуд.
Мақомот марги Навалнийро табиӣ донистаанд, вале ҳамсараш Юлия Навалная ва раҳбарони баъзе аз кишварҳои ғарбӣ мақомоти Русия ва бахусус президент Владимир Путинро масъули марги ӯ донистаанд.