Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар суҳбат бо хабаргузории "France 24" гуфтааст, ки Маскав чанд моҳ пеш рӯирост аз мардуми ин кишвар даъват карда буд, ки ҳукуматро сарнагун кунанд. Ӯ гуфт, "Маскав тарғиботи зидди ӯро қатъ накардааст."
Охири соли гузашта расонаҳои Русия хабар доданд, ки Дмитрия Сетраков афсари рус аз Арманистон ба Русия истирдод шудааст. Ин афсари рус ба ҷанги Украина нарафта, ба Арамнистон паноҳ бурда буд.
Пашиниян ин ҳолатро одамрабоӣ номид ва гуфт, мақомоти Русия ғайриқонунӣ ӯро аз хоки Арманистон рабудаанд.
"Мо амалҳои ғайриқонунӣ дар хоки кишварамонро таҳаммул карда наметавонем,"-гуфт ӯ.
Пашиниян ҳушдор дод, ки агар талабҳои Ереван бе посух монад, оқибатҳои хуб нахоҳад дошт.
Пештар Пашинян Русияро барои беамалӣ дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор кард. Ӯ гуфта буд, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз Арманистон ҳамчун кишвари узв ҳимоят накард.
Маркази матбуотии СПАД гуфтааст, ки ҳанӯз аз Арамнистон барои қатъи узвият дархост нагирифтаанд, балки гап дар бораи ширкат накардани ин кишвар дар чорабиниҳои ин созмон меравад.
Моҳи ноябри соли 2023 Пашиниян аз ширкат дар нишасти СПАД дар Минск худдорӣ карда буд. Он замон ӯ гуфта буд, ки узвияташ дар ин созмонро бозбинӣ мекунад, чун СПАД ҳамчун шарик ба Арманистон силоҳу муҳимоти ҷангӣ дода наметавонад.
СПАД, ҳамчун як созмони низомӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ташкил шуд. Дар ин созмон Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Русия ва Белорусия шомиланд. Узбекистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон, ки дар ибтидо узви СПАД буданд, аз узвият дар он хориҷ шуданд.
Коршиносон СПАД-ро як созмони зери назорати Русиия медонанд, ки бештар ба манфиати Маскав амал мекунад.