Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Беларус


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи анъанавии байнулмилалии «Ҷоми рушд-2024» дар Минск аз тими мизбон – Беларус (U-16) – бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Беларус, «Ҷоми рушд», ки дар толори футболи Минск бо иштироки ҳашт дастаи мунтахаби наврасон аз шаш кишвар - Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - дар ду гурӯҳ баргузор шудааст, то рӯзи 24-уми феврал идома хоҳад кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Русия (U-17), Беларус (U-16) ва Қазоқистон (U-16) рақобат мекунад.

Ба чаҳоргонаи «А» дастаҳои наврасони Беларус (U-17), Русия (U-16), Узбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-16) дохиланд.

Натоиҷи бозиҳои даври аввали “Ҷоми рушд” чунин аст:

Гурӯҳи “А”

Русия (U-16) — Узбекистон (U-17) — 2:2 (Босов, 1, Тушич, 18; Тулаганов 24, 30).

Беларус (U-17) — Озарбойҷонн (U-16) — 2:0 (Губаревич, 9, Овсянников, 78).

Гурӯҳи “В”

Русия (U-17) — Қазоқистон (U-16) — 3:1 (Сидоров, 12, 70, Помалюк, 63; Сатгаев, 17).

Беларус (U-16) — Тоҷикистон (U-16) — 3:0 (Чергейко, 37 - аз пеналти, Веренич, 62 - аз пеналти, Сакута, 69).

Бозии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16).дар “Ҷоми рушд” 20-уми феврал муқобили мунтахаби наврасони Русия (U-17) доир мегардад.

Тибқи низомномаи мусобиқа дарр марҳилаи ниҳоӣ бозиҳои плей-офф баргузор мешаванд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойи аввалро мегиранд, ба финал роҳ меёбанд. Дар се бозии дигар соҳибони ҷойҳои 3-8-ум муайян хоҳанд шуд.

Иштирок дар «Ҷоми рушд-2024» дар Минск барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) яке аз давраҳои омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 19-ум то 27-уми октябри имсол доир мегардад, маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG