Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА хоҳони таҳқиқи байнулмилалӣ дар бораи марги Навалний шуд


Ҷозеп Боррел ва Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний. Брюссел, 19-уми феврали 2024
Ҷозеп Боррел ва Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний. Брюссел, 19-уми феврали 2024

Иттиҳоди Аврупо аз Русия талаб кардааст, ки дар робита ба марги ногаҳонии сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний дар зиндон тафтиши мустақил ва шаффофи байнулмилалӣ гузаронида шавад.

Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеп Боррел рӯзи 19-уми феврал дар изҳороте гуфт, онҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарияти сиёсии Русия талошҳои заруриро анҷом хоҳанд дод. Аз ҷумла, ба зидди Маскав таҳримҳои нав эълом мешавад.

Ҷозеп Боррел дар марги Навалний президенти Русия Владимир Путин ва мақомоти он кишварро масъул донистааст.

Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи душанбе дар Шӯрои иттиҳод дар умури байнулмилалӣ суханронӣ мекард, ба ҳамсару фарзандон ва дӯстони сиёсатмадори мухолифи рус ҳамдардӣ баён кард.

Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русия, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, рӯзи 16-уми феврал даргузашт. Ҷасади ӯро ҳанӯз ба пайвандонаш надодаанд.

Ба вуҷуди боздоштҳои пайиҳам, хонаводаи Навалний ва ҷонибдоронаш барои гирифтани ҷасади ӯ аз дасти мақомоти Русия талош доранд.

Кремл, ки солҳо аз зикри номи Алексей Навалний парҳез мекард, рӯзи 19-уми феврал сукути худро шикаст ва гуфт, ки тафтиши марги ӯ идома дорад, вале масъалаи кай супоридани ҷасад дар ихтиёри онҳо нест.

XS
SM
MD
LG