Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои нокоми Тоҷикистон аз Султон Қувват сар шуда буд


Султон Қувват
Султон Қувват

​​​​​​​Мегӯянд, норозиёни сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби бебарқӣ, бекорӣ, маоши кам, муҳоҷират, фасоду ришват, хешутаборбозӣ, беадолатии додгоҳ ва гоҳе ҳам зулми ошкоро то рафт бештар мешаванд, вале онҳо илоҷи баёни андеша ё нишон додани эътирози худ ё пеш гузоштани талабҳояшонро надоранд.

Як ҳамсуҳбати мо чанде пеш гуфт, на ягон каси ҷасуре ҳаст, ки сарвари норозиён шавад ва на ягон ҳизби сиёсие, ки манфиати онҳоро дар порлумон ё назди ҳукумат дифоъ намояд.

Кишвар дар қабзаи дасти як нафар аст, ҳама чиро ӯ ҳал мекунад ва порлумоне, ки бо хости ӯ шакл гирифтааст, баёнгари иродаи аксарияти аҳолӣ нест, ҳизбҳои сиёсии мавҷуда кисагиянд ва низ ба даҳони ин шахс нигоҳ мекунанд.

Касе ҳизби наве ҳам таъсис дода наметавонад, зеро сабтином намекунанд ва таърихчаи ҳизбҳои нокому ташкилкунандагони он дар дили афрод тарсу ҳаросу беҷуръатию хомӯширо ҷой кардааст.

Охирин талош ин таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” аз тарафи соҳибкори комёб ва вазири пешини саноат Зайд Саидов буд, ки зоҳиран барои ҳамин талошаш ба 29 сол зиндон маҳкум гашт.

Ба 29 сол зиндон ҳамчунин касе маҳкум шуд, ки мехост дар интихоботи охир номзади мустақили мақоми президентии Тоҷикистон шавад. Манзур, ҳуқуқшиноси ҷавон аз ВМКБ Фаромуз Эргашев.

Ду раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Маҳмадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳабси якумрӣ гирифторанд. Раҳматулло Зойиров аз сарварии Ҳизби машҳури сотсиал-демократи Тоҷикистон барканор шуда, дар ҳоли баде ба сар мебарад, муовинаш Маҳмурод Одинаев 14 сол зиндонӣ шудааст ва пеш аз онҳо раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров барои 23 сол ба кунҷи зиндон афканда шуд.

Ҷавонмарде буд бо номи Ҳикматулло Саидов, ки солҳои зиёд талош кард, ҳизби нави “Ваҳдат”-ро номнавис кунад, вале бенишон шуд.

Аммо хеле пештар аз ҳамаи онҳо Султон Қувват ба саҳна баромада буд, раиси пешини Кумитаи андоз ва мехост, Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистонро таъсис дода, барои курсии президенти кишвар мубориза барад. Солҳои дароз ҳизби ӯро ба қайд нагирифтанд ва худаш дар 61-солагӣ ба таври мармуз бемор шуду аз ҷаҳон гузашт.

Имрӯз барномаро ба ҳамин шахсият мебахшем. Барои донистани он ки чӣ касе буд ва чаро мехост, ҳизбе таъсис диҳад, чаро мехост, президент шавад ва орзуҳояш барои Тоҷикистон чӣ буд.

Дар ин подкаст аввал мусоҳибаи Султон Қувватро дорем бо хабарнигори машҳури вақти Радиои Озодӣ, Абдуқаюми Қаюмзод дар 10-уми апрели соли 2007.

Ҳамин тавр Султон Қувват ба таври маҷбурӣ аз саҳнаи сиёсат ронда шуд. Барои ин борҳо ӯро ба кумитаи амният даъват карданд.

Рустам Файзиев, муовини ӯро дар ҳизб боздошт ва дар соли 2004 бо айбномаи таҳқири раисиҷумҳур ва даъват ба тағйири зӯроваронаи ҳокимият зимни номаҳои навишта, вале нафиристодаи ӯ ба Созмони Милал барои 5 солу 10 моҳ зиндонӣ карданд. Дар асл боздошту муҳокимаи ӯ барои эълони гуруснашинии сиёсӣ ба нишони эътироз аз номнавис нашудани Ҳизби Тараққиёт сурат гирифт.

Дертар ӯ ба таври мармуз дар маҳбас фавтид, дафтари ҳизбро бо баҳонаи хабари дар он ҷой доштани аслиҳа кофтуков карданд, номзадии худи Султон Қувватро ба қайд нагирифтанд ва ҳамаи ин ӯро маҷбур намуд, аз сиёсат даст кашаду рӯ ба тиҷорат орад.

Мусоҳибаи дигари Султон Қувват дар соли 2004 бо ҳамкори дигари мо Тоҳири Сафар дар барномаи “Ширу шакар” садо додааст. Ва як навъ идомаи мусоҳибаи пешина низ ҳаст ва аммо бештар симои инсонии Султон Қувватро намоён мекунад. Сабти пурраи он дар ин подкаст ҷой дода шудааст.

Як нуктаи муҳим низ бояд гуфта шавад, ки Султон Қувват ҳуқуқшиноси қавӣ ва зодаи Кӯлоб буд, минтақае, ки амалан Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд ва ҳанӯз аз ҳамон аввал мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҳукумат буд. Ва ҳамчунин кадри замони шӯравӣ буд, ҳанӯз аз соли 1984 муҳимтарин ниҳодҳои мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодиро сарварӣ мекард ва аз асрори зиёде хабар дошт.

Подкастро дар инҷо бишнавед:

Султон Қувват ва ҳизбҳои нокоми Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:04 0:00
Линки мустақим

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG