Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: Ба беш 300 ҳазор хонаводаи камбизоат кӯмакпулӣ дода мешавад


Вазири молияи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳаҷми андозу пардохтҳо дар кишвар бо сабаби афзоиши маошу нафақа ва кумакҳои иҷтимоӣ боло бурда шудааст. 

Шуруъ аз соли 2024 дар Тоҷикистон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар шуд. Бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, андоз, боҷ, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низ афзоиш ёфт.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рузи 16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар баробари боло бурдани ҳаҷми маошу нафақа дар ду соли ахир, ҳамчунин ҳаҷми кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳам афзоиш ёфт.

Ба гуфтаи вазири молия соли 2024 барои оилаҳои камбизоати кишвар 219 млн сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ё махсус барои оилаҳои ниёзманд ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 65 млн сомонӣ зиёд будааст. Ин кӯмакҳо ба ҳудуди 300 ҳазор хонаводаҳои камбизоат дода мешавад.

"Агар мо дар соли 2022 барои кумакҳои молии иҷтимоӣ дар маҷмуъ 116 миллион сомонӣ масраф мекардем, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 154,3 миллион ва соли 2024 ин рақам ба 219 миллион сомонӣ баробар шуд. Тамоюли болоравии нишондиҳандаҳо гувоҳи он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои оилаҳои ниёзманд кадом иқдомҳоро роҳандозӣ карда истодааст”- гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Дар назар аст, ки аз якуми июли имсол дастмузди кормандони соҳаи буҷавӣ, стипендияҳои донишҷӯён 40 ва нафақа 30 дарсад зиёд шавад.

Аммо аз ин пештар Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар нишасти матуботӣ гуфта буд, ҳаҷми маошу нафақа дар кишвар аз ҳисоби "сарчашмаҳои анъанавӣ" боло бурда мешавад. Вай гуфт: "Дар буҷаи Тоҷикистон, сарчашмаҳои маблағгузории зиёдшавии музди меҳнат пешбинӣ шудаанд ва ҷиҳати иҷро намудани ин намуди хароҷот боз чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ин аз сарчашмаҳои анънавиии андозиву ғайриандозӣ ва боҷи давлативу дигар пардохтҳо ба буҷет маблағгузорӣ мешаванд”.

Бо афзоиши маоши сокинон, меъёри музди ҳадди аққал ҳам дар кишвар бештар шуда, 800 сомонӣ муқаррар хоҳад шуд. Феълан ҳаҷми маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ аст.

Маош ва нафақа дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои минтақа яке аз пасттаринҳост ва дар гузашта коршиносон борҳо таъкид кардаанд, ки нокофӣ будани маош сабаби фасод дар идораҳои давлатӣ, ва тарки кор кардани мутахассисон мешавад.

Мавзӯи гарон будани андозу пардохтҳо низ бо назардошти вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Вале Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон гуфт, бояд дониши молиявии ҷомеаро боло бурд, то дар кунанд, ки пардохти андоз ба манфиати кист.

"То ҳамон лаҳзае ки мо 14 фоизи НДС ва дигар пардохтҳоро муқаддас надонем, ва дарк намекунем, ки ин барои маоши фарзанди ман ё нафақаи падари ман аст, вазъ тағйир намеёбад".

Бо ин ҳама иқтисоддонҳо мегӯянд, буҷа бояд дар шароити шаффоф ба баррасии мутахассисон гузошта шавад, то ки ҷомеа ҳам тавонанд аз дурустии сарфу харҷи маблағҳо огоҳ бошад.

XS
SM
MD
LG