Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон нархҳоро "осмонӣ" медонанд, мақомот "мӯътадил". ВИДЕО


Акси бозори шаҳри Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон.
Акси бозори шаҳри Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон.

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ, рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, соли гузашта сатҳи таваррум 3,8 дарсадро ташкил намуд, ки нисбат ба як соли пеш 0,5 дарсад кам аст.

Манзури ӯ аз таваррум беқурбшавии пул дар баробари арзиши молу маҳсулот аст. Агар таваррум боло бошад, ин ба маънои он аст, ки қурби сомонӣ паст шудааст ва нархи молу маҳсулот боло рафтааст.

Шарҳи раис аз вазъи "мӯътадил"

Раиси Бонки миллӣ мегӯяд, таваррум зиёд нест ва ин маънои онро дорад, ки нархҳо ҳам хеле кам баланд рафтаанд.

“Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи хурокворӣ 3,4 фоиз, молҳои ғайрихурокворӣ 6,6 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 1,2 фоиз ба миён омадааст,”-афзуд, ӯ.

Хабарнигорон аз раиси Бонки миллӣ пурсиданд, ки вақте нархи баъзе молу маҳсулот ба таври назаррас боло рафтааст, бо чӣ далел сатҳи таваррум «муътадил» боқӣ мондааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Бонки Миллӣ гуфт, сомонӣ зиёд беқурб нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Вай посух дод, ки сатҳи таваррумро бар асоси сабади истеъмолӣ арзёбӣ кардаанд, вале арзиши сабади истеъмолӣ ва таркиби онро шарҳ надод: “Дар таркиби сабади истеъмолӣ баъзе маҳсулотҳое, ки қайд кардед, шояд, ки ҳиссаи бениҳоят паст дошта бошад.”

Мӯътадил будани сатҳи таваррум дар ҳоле аз сӯи раҳбарияти Бонки миллӣ садо медиҳад, ки Оҷонсии омори Тоҷикистон аз афзоиши нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои ин оҷонсӣ, аз оғози соли 2023 нархи маҳсулоти гуштӣ 3,8 (гушти гусфанд 11,3, гушти гов 5,7 фоиз), меваҷот 33, 1, шакар 27,6 ва маҳсулоти қанодӣ 11,7 дарсад боло рафтаанд.

Бозор дигар мегӯяд, омор дигар

Бархе бозоршиносон бар ин назаранд, ки нишондоди расмии мақомот дар мавриди болоравии нархҳо на ҳамеша ба воқеият наздик буда, гоҳе талош мешавад, арзиши молу маҳсулот ё сатҳи таваррумро кам нишон диҳанд.

Бозоршинос Абдураҳмон Ҳакимзода, рӯзи 14-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, арзиши маҳсулот дар бозор дигар аст, дар оморҳои расмӣ дигар.

“Дар сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин “Тоҷикматлубот” ҳар ҳафта нархи молу маҳсулот нашр мешавад. Аммо мутаассифона омори нархи молу маҳсулоти бозори истеъмолии мо ба нархҳое, ки дар бозори истеъмолӣ имрӯз аз ҷониби тоҷирону соҳибкорон гузошта мешавад, мувофиқат намекунад. Аксар вақт нархи молу маҳсулот, махсусан молҳои озуқавориро нисбатан арзон нишон медиҳанд. Аммо дар асл нарх дар бозорҳо бениҳоят гарон шудааст,”-шарҳ дод, Абдураҳмон Ҳакимзода.

Бар асоси маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон соли 2023 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 7,4 дарсад поин рафтааст. Бо таваҷҷӯҳ ба онки маҳсулот аз хориҷи кишвар бо асъори хориҷӣ ворид мешавад ва бозори дохилӣ низ бештар пойбанди маҳсулоти воридотӣ аст, тағйирот дар арзиши асъори хориҷӣ метавонад ба нархи молу маҳсулот таъсир расонад.

Нархи бозор аз нигоҳи харидор

Боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал барои сокинони Тоҷикистон мавзӯи ташвишовар аст. Андаке тағйирот ба ҷайби мардум метавонад таъсир гузорад.

Рӯзи 14-уми феврал пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи арзиши маҳсулот назарҳои гуногун доранд.

Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, “ҳоло моликият хусусӣ аст, нарх дар дасти шахсони алоҳида аст. Масалан ман деҳқонам, чорво дорам, гушт мебарам. Нархро талаботи бозор муайян мекунад.”

Мусоҳиби дигар таъкид намуд, ки “нархҳо осмонӣ шудаанд ва ҳама чиз назар ба пештара қимат шудааст. Равған ҳам қимат шудааст, нархи ҳамааш гарон аст.”

“Газ қиммат шуд. Қурби пули тоҷикӣ хеле поин рафт. Агар маошро камтар боло баранд, хуб аст. Ҳоло 1-2 ҳазор сомонӣ маош мегиранд, агар 3-4 ҳазор мегирифтанд, бисёр хуб мешуд,”-посух дод, як роҳгузари дигар.

Ҳамсуҳбати дигари мо афзуд, “нархи маҳсулот ҷойи арзон шудан, қимат шуда истодааст. Аз куҷо зурат мерасад? Нарху наво дар дасти одамони худи бозор аст.”

Сокинони Тоҷикистон аз афзоши нархҳо борҳо гила кардаанд, ки на ҳамеша зурашон ба хариди маҳсулоти даркорӣ мерасад. Гоҳе харидорон тоҷиронро гунаҳкор мекунанд, ки нархҳоро ба таври сунъӣ боло мебаранд, тоҷирон дар посух мегуянд, агар маҳсулоташонро бо нархи арзон фурӯшанд, зарар мебинанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG