Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи духтари гумшуда дар Хуҷанд натиҷа надодааст. ВИДЕО


Сафияхон Раҳматоваи 9-сола рӯзи 7-уми феврал нопадид шуд.
Сафияхон Раҳматоваи 9-сола рӯзи 7-уми феврал нопадид шуд.

Ба бовари волидайни Сафияхон Раҳматоваи 9-сола, фарзандашон рӯзи 7-уми феврал дар рӯди Сир ғарқ шудааст, вале масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, то сарҳади Узбекистон аз ӯ нишоне наёфтанд. Бо ин вуҷуд, фарзияҳои нопадидшавии ӯ зиёд аст ва сарнавишти номаълуми духтари ноболиғ пайвандонашро нигарон кардааст.

Охирин сабтҳои дурбинҳои назоратӣ Сафияхон Раҳматоваи 9-соларо дар кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд нишон додааст. Дар ин кӯча ҳавлии ин наврас қарор дорад ва аз рӯбарӯи хонаашон дарёи Сир мегузарад. Аъзамхон Раҳматов, падари духтарчаи нопадидшуда мегӯяд, аз дидани навор ба хулосае омадааст, ки духтараш ғарқ шудааст. “Мо аз камераи ҳамсоя дидем, ки ду духтар ба назди об мефарояд, аммо як духтар мебарояд. Мобайни сабт 31 дақиқа аст. Духтарча аз поён мебарояд, аммо фарзанди ман намебарояд. Аниқ фарзанди ман дар даруни об ғарқ шудааст,”—гуфт ӯ.

Панҷ рӯз боз ғаввосон дар рӯди Сир Сафияхонро ҷустуҷӯ мекунанд, вале ҳанӯз натиҷае нест.

Масъулони Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, даҳ корманди ин ниҳод ба ҷустуҷӯ сафарбар шудааст, вале сардии ҳаво кори онҳоро мушкилтар кардааст.

Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд гуфт, “дар фасли тобистон ҷасади ғарқшуда тез рӯйи об мебарояд, вале дар зимистон ин ҳолат дертар рух медиҳад.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ҷустуҷӯи духтари гумшуда дар Хуҷанд натиҷа надодааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Ин масъули Кумита гуфт, то охирин лаҳза ҷустуҷӯро идома медиҳанд ва кормандони ботаҷрибаро ба ин кор ҷалб мекунанд. Ба гуфтаи масъулони Кумита, кормандони онҳо то сарҳади Узбекистон дар рӯдхона нишони ин кӯдакро ҷустаанд.

“Мо ғаввосоне дорем, ки 20 сол собиқаи корӣ доранд. Дар ҳудуди дарёи Сир ва обанбори Қайроққум. Барои кофтуков ягон мушкилӣ надорем. Лекин дақиқан маълум нест, ки ҳамон духтарча ба об рафтааст ё не. Ҳеҷ кас надидааст. Танҳо аз рӯи камераҳои назоратӣ чунин гуфта истодаанд. Аммо дар чанд минтақаи дигар он духтарча ба камераи назоратӣ фаромадааст,”—гуфт Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд.

Дар ҳамин ҳол пайвандони наврас мегӯянд, ки ба ҳама мақомотҳои зидахл муроҷиат кардаанд. Ихтиёриён аз тамоми кишвар ба ёрияшон омадаанд.

Аъзамхон Раҳматов, падари навраси гумшуда гуфт: “дар тамоми шаҳр ихтиёриҳо, ёрдамчиҳо, ҳамшаҳриҳо, ҳаққу ҳамсояҳо, хешу таборон ҷустуҷӯ доранд. То ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Бӯстон дар ҷойҳои хилват, ҷойҳое, ки дар қайди милисаҳо ҳаст, ҳама ҷоро диданд. Кормандони милиса ва тафтишотӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳама ёрдам карданд. Афсӯс, ҳеҷ натиҷа нест.”

Ғарқ шудани сокинон дар рӯди Сир ҳодисаи нав нест. Танҳо дар соли 2023 панҷоҳу панҷ ҳолати ғарқшавӣ сабт шудааст, ки дар ин миён 19 нафар ноболиғ будаанд. Ҳанӯз чор ҷасад пайдо нашудааст.

Бо вуҷуди ҷустуҷӯи Сафияхон Раҳматова дар рӯди Сир мақомот ҳанӯз тасдиқ накардаанд, ӯ ғарқ шудааст, чун инро ҳанӯз касе бо чашм надидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG