Капитан Шамсиддин Саидзода ва майор Фахриддин Ҳакимзодаро моҳи октябри соли гузашта боздошт карданд. Нурмуҳаммад Абдурасулов, сокини Ҳамадонӣ, шикоят дошт, ки ҳарду ӯро задаанд.
Ҳусайн Одиназода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, гуфт, “ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шуд."
Ба қавли Одиназода, ду милиса ҳақ надоранд, то ду соли дигар дар идораи умури дохилӣ кор кунанд.
Назари капитан Шамсиддин Саидзода ва майор Фахриддин Ҳакимзода ба ҳукм маълум нест. Пештар Нурмуҳаммад Абдурасулов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки қазияро то охир мебарад, вале феълан барои шарҳи масъала ӯро пайдо накардем.
Дар умум дар соли 2023 нисбат ба панҷ милиса дар минтақаи Кӯлоб парванда боз ва нисбат ба онҳо ҳукм эълон шудааст.
Моҳи августи соли 2023 се маъмури Раёсати корҳои дохилиро дар ин минтақа барои боздошту шиканҷаи сокини Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов, ки сабаби марги ӯ шуд, чордаҳсолӣ ба зиндон маҳкум карданд.
Солона даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо аз шиканҷа шикоят мекунанд.
Фаъолони ҳуқуқи башар ба унвони тавсияҳои асосӣ барои пешгирии шиканҷа ба зарурати риояи қонун барои боздоштшудагон, таҳияи саривақтии санадҳои онҳо, муоинаи тиббӣ ва ташхиси дақиқи тиббӣ дар сурати шикоят аз саломатӣ ишора мекунанд. Ба ҷуз ин, гуфта мешавад, иқрори гуноҳ зери шиканҷа набояд далел дониста шавад.