Як муҳоҷири тоҷик, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои ҲАМОС-ро паҳн мекард, аз Маскав нопадид шудааст.
Муҳамаднабӣ Ҷалилов, сокини 23-солаи ноҳияи Ёвон дар канори шаҳри Маскав дар ширкате дарахтбур будааст.
Дӯстонаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Муҳаммаднабиро ҳафтаи гузашта, рӯзи 31-уми январ се корманди пулиси Русия ва як нафаре, ки тоҷикӣ суҳбат мекардааст, бо худ бурдаанд.
Раҳим Сафаров, як тан аз дӯстони Муҳаммаднабӣ рӯзи 5-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафта пеш ӯро аз ҷои кораш бурданд ва телефонаш дигар кор намекунад. Ӯ гуфт, сабаби боздошти ӯро намедонанд, вале танҳо пас аз нопадид шуданаш фаҳмиданд, ки ӯ дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои ҲАМОС-ро паҳн мекард.
Дар саҳифаи асосии Муҳаммаднабӣ дар Телеграм акси Абу Убайда, сухангӯйи Иззуддин Қасом, як шохаи ҷангии гурӯҳи ҲАМОС гузошта шудааст. Гурӯҳи ҲАМОС дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ шинохта шудааст, вале Тоҷикистону Русия онро террористӣ намедонанд.
“Ҳамкоронаш гуфтанд, ки бегоҳи 31-уми январ се нафар аз кормандони ФМС-и Русия ва як нафар, ки худро корманди мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, ба ҷои кори онҳо омадаанд. Ҳамаро қатор кардаанд ва сурати ӯро нишон додаанд. Гуфтаанд, ки ин бача гуноҳ дорад ва мо бояд ӯро боздошт кунем. Вақте шинохтанд, телефонашро гирифта рафтаанд,”—гуфт ӯ.
Ба гуфтаи дӯсташ, афроде, ки Муҳаммаднабиро бо худ бурдаанд, гуноҳи ӯро шарҳ надодаанд, аз ин рӯ, онҳо сабабҳои эҳтимолии боздошти ӯро ҷустуҷӯ доранд ва ҳанӯз ба ҷуз аксу наворҳои ҲАМОС, ки ӯ дар саҳифааш нашр кардааст, чизи шубҳаноки дигаре пайдо накардаанд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт ё истирдоди нафаре бо чунин ному насабро тасдиқ ё рад накарданд. Сафорати Тоҷикистон ба тамосҳои мо посух надод.
Як тан аз дӯстони Муҳаммаднабӣ Ҷалилов, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, ӯ шояд барномаҳои Ютубии мухолифонро тамошо карда бошад, вале дар онҳо иштирок намекард.
“Лекин ба фикри ман барои иштирок дар як барномаи мухолифон аз ким куҷо омада одамро намеқапанд. Бисёриҳоро вақте "депорт" мекунанд ё худашон ба Тоҷикистон мераванд, баъд меқапанд,”—гуфт ӯ.
Ҳамасола хабари боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъ расонаӣ мешавад. Бештари онҳо барои лайк гузоштан ё суҳбат кардан дар саҳифаҳои марбут ба мухолифон боздошт мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин шеваи боздоштро саркӯбгарӣ медонанд ва мақомоти тоҷикро барои ин танқид мекунанд.
Аз сӯи дигар, коршиносон мегӯянд, Русия аз макони аслии гаравидани ҷавонони тоҷик ба ақидаҳои ифротгароӣ аст ва беш аз ду ҳазор нафар ҷавонони тоҷик, аксаран маҳз аз ин кишвар ба ДОИШ дар Сурия ва Ироқ пайваста буданд. Пас аз оғози ҷанги Исроил дар Ғазза, бархе сарони кишварҳои ғарбӣ аз афзоиши ифротгароӣ дар ҷомеаи мусалмонон ва яҳудиён нигаронӣ карда буданд.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран аз Ғазза пуштибонӣ мекунанд, вале ин ба ифротгароӣ рабт надорад. Ба гуфтаи ӯ, бештар дар пасманзари ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва кушта шудани занону кӯдакон ҷавонон ин ҳамлаҳоро маҳкум мекунанд.
“Фикр намекунам, ки ин ҷанг боиси афзоиши андешаҳои ифротгароӣ шуда бошад. Ҳанӯз тамоюли гаравидан ба ақидаҳои ифротӣ дар ин замина мушоҳида намешавад. Ҳоло танҳо як ҳиси ҳамдилӣ ҳаст ва яҳудибадбинӣ дида мешавад, вале ин ки ин ҷанг ҷавонони тоҷикро ба кадом амали ифротгароӣ тела диҳад, мушоҳида намешавад,”—гуфт ӯ.
Номи ҲАМОС дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоии пас аз ҳамлаи ин гурӯҳ ба хоки Исроил пайдо шуд. Дар ҳамлаи 7-уми октябр ба хоки Исроил ин гурӯҳ 1200 нафарро кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил дар посух ба Ғазза ҳамла кард, ки то кунун беш аз 27 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.
Исроилро ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кушта шудани занону кӯдакон дар Ғазза танқид мекунанд. Саҳнаҳои ҳамлаҳои Исроил, кушта шудани занону кӯдакон дар Ғазза ва ҳамлаҳои ҲАМОС ба сарбозони Исроил дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешавад. Аксаран бо дидгоҳи маҳкумияти Исроил ва пуштибонӣ аз фаластиниён.
Гуфтугӯ