Дар ҳоле, ки ИМА аз пуштибонии муттафиқонаш мегӯяд, Эрон, Ироқ ва Сурия бо нигаронӣ аз эҳтимоли тавсеаи низоъ дар минтақа ба хашм омадаанд.
Мақомоти кишварҳои муттафиқи Амрико – Бритониё ва Полша бо нишони дастгирӣ аз амалҳои Амрико изҳорот нашр карда гуфтанд, ки ин ҳақи Амрико аст, ки посух бидиҳад, чун гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон бо “оташ бозӣ мекунанд”.
Теҳрон гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоиро ба шиддат маҳкум мекунад.
Ироқ кордори сафорати Амрико дар Бағдодро барои эътироз даъват кард.
Бар асоси гузоришҳо аз Ироқ ва Сурия, дар ҳамла ба ҳафт макон дар ин ду кишвар тахминан 40 нафар кушта шуд.
Бағдод гуфт, дар ин ҳамлаҳо 16 ходими амниятии Нирӯҳои басиҷи мардумӣ, ки ба он гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон ҳам дохил мешаванд, кушта шуданд. Ироқ аз ин пеш гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо мардуми мулкӣ ҳам ҳастанд.
Рамӣ Абдулраҳмон, раҳбари гурӯҳи ҳуқуқи башар дар Сурия гуфт, дар маконҳои мавриди ҳадаф 23 низомӣ кушта шуд.
Баъди он ки дар як ҳамлаи дроне 28 январ дар як пойгоҳи низомии Амрико дар Урдун се низомии амрикоӣ кушта шуданд, президенти ИМА Ҷо Байден таҳдид кард, ки билофосила посух хоҳад дод.
Вашингтон масъулияти ин ҳамларо ба дӯши Эрон ва гурӯҳҳои ҷангие вогузор кард, ки аз ҷониби ин кишвар мусаллаҳ мешаванд. Тибқи гузоришҳо, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ҳафт макон – чор нуқта дар Сурия ва се нуқта дар Ироқ ҳадаф қарор гирифтанд.
Президенти Амрико Ҷо Байден бо нашри изҳороте баъди шурӯи ҳамлаҳо гуфт, “посухи по шурӯъ шуд” ва афзуд, ки “дар замону макони интихобкардаи мо идома меёбад”. Ӯ гуфт, “ИМА хостори низоъ дар Ховари Миёна ё кадом ҷои дигари ҷаҳон нест. Вале ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд ба мо зиён расонанд, бояд бидонанд, ки агар шумо амрикоиҳоро осеб расонед, мо ҷавоб медиҳем”.
Сухангӯи ҳукумати Бритониё бо пахши изҳороте 3 феврал аз Эрон интиқод кард ки дар минтақа даст ба “бесуботӣ” мезанад ва ҳамфикриашро бо Вашингтон такрор кард.
Полша, як муттафиқи дигари Амрико дар НАТО Эрон ва ҳам гурӯҳҳоеро, ки эҳтимолан онҳоро Теҳрон маблағгузорӣ мекунад, маҳкум кард. Радек Сикорски, вазири корҳои хориҷии Полша гуфт, “давоми чандин моҳ ва сол аст, ки гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон бо оташ бозӣ мекунанд” ва “ҳоло онҳо месӯзанд”.
Эрон, ки нирӯҳои посдори инқилоби исломии он бо гурӯҳҳои ҷангии зиёде дар минтақа дар иртибот аст, ИМА-ро дар баҳам задани субот айбдор кард.
Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, “ҳамлаҳои дишаби Амрико болои Сурия ва Ироқ як амали моҷароҷӯёна ва иштибоҳи дигари стратегии ҳукумати Амрико аст, ки ҷуз ташдиди ташаннуҷ ва бесуботӣ дар минтақа натиҷае нахоҳад дод".
Шиа Ассудонӣ, нахуствазири Ироқ эътилофи ба раҳбарии ИМА-ро дар минтақа дар он айбдор кард, ки ба амнияту субот ва ҳам соҳибихтиёрии ин кишвар таҳдид мекунад.
Дафтари нахуствазири Ироқ гуфт, ки дар миёни 16 кушташудаву даҳҳо захмиҳо чанд нафари мулкӣ ҳам ҳастанд. Ассудонӣ ҳама гуна тахминҳоро рад кард, ки мегуфтанд, шояд Вашингтон ҳамлаҳои ҳавоиашро бо ҳукумати Ироқ ҳамоҳанг кардааст.
Баъди ҳамлаи аз ин пеши ҳавоӣ дар Бағдод Ассудонӣ талаб кард, ки 2 ҳазор сарбози амрикоии мустақар дар Ироқ ин қаламравро тарк кунанд. Ин яке аз масоили ҳассос дар байни ду кишвар мебошад.
Вазорати корҳои хориҷии Сурия амалҳои Амрикоро баҳонае барои тавсеаи низоъҳо номид.
Вазорат бо нашри изҳороте гуфт, “ИМА бо як роҳи бисёр хатарнок барои доман задани оташи низоъ дар Ховари Миёна равған мерезад”.
Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико Ҷон Кирби гуфт, ки ИМА “пеш аз ҳамла ҳукумати Ироқро огоҳ карда буд”, вале ҷузъиёт надод. Ӯ гуфт, ки ҳамлаҳо, ки инчунин бо истифода аз бомбафканҳои B-1 сурат гирифт, тахминан 30 дақиқа давом кард.
Фармондеҳии марказии ИМА гуфт, “нирӯҳои Амрико бо истифода аз чанд ҳавопаймо, аз ҷумла бомбаҳои дурпарвоз беш аз 85 ҳадафро зарба заданд. Ин ҳавопаймоҳо аз ИМА парвоз карданд”. Дар изҳорот инчунин омадааст, ки ҳамлаҳо “амалиёти фармондеҳию мудирият, марказҳо, марказҳои ҷосусӣ, амбори мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин, муассисаҳои лоҷистикӣ ва занҷираи таъминоти гирӯҳҳои низомӣ ва сармоягузори онҳо – Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ҳадаф қарор доданд, чун онҳо алайҳи ИМА ва нирӯҳои эътилофӣ амал мекунанд”.
Мақомот дар Амрико гуфтанд, ки ҳамлаи 28 январ дар Урдун кори дасти гурӯҳи мавриди сармоягузории Эрон бо номи “Катоиби Ҳизбуллоҳ” дар Ироқ мебошад.
Рӯзи 31 январ тундгароҳои “Катоиби Ҳизбуллоҳ” дар Ироқ аз “хатми муваққатии” амалиёташон алайҳи нирӯҳои амрикоӣ хабар доданд. Ин гурӯҳ гуфт, ки ба хотири “дар ҳолати ҳиҷолатовар нагузоштани” ҳукумати Ироқ фаъолияташро муваққатан қатъ мекунад ва ишора кард, ки ҳамлаҳои бесарнишинҳо ба дастгирии ИМА аз Исроил дар ҷанги Ғазза рабт дорад.
Байден, ки дар остонаи интихобот қарор дорад, дар паи ҳамла дар Урдун, таҳти фишори афзояндаи ҷумҳурихоҳҳо қарор дорад, ки аз ӯ талаб мекунанд дар муқобили Эрон аз мавқеи сахттаре кор бигирад. Вале бо ин вуҷуд, ӯ ҳафтаи ҷорӣ гуфт, “фикр намекунам, ки мо дар Ховари Миёна ба ҷанги васеътаре ниёз дорем. Ба ман ин чиз лозим нест”.
Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ гуфт, ки “Теҳрон ба ҳеҷ ҷанге шурӯъ нахоҳад кард, вале агар касе бихоҳад, ки моро озор диҳад, посухи сангине мегирад”.
Задухӯрдҳои ахир дар ҳолест, ки ҷанги пуршиддате дар Ғазза идома дорад ва шӯришиёни ҳутӣ дар Яман дар чандин ҳамла ба ҳаракати киштиҳои байналмилалӣ монеъ мешаванд ва мегӯянд, ба нишони ҳамраъйӣ бо Фаластин киштиҳои Исроилро ҳадаф қарор медиҳанд.
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА рӯзи 3 феврал барои анҷоми як силсила музокираҳои муҳим дар шароити бӯҳронии эҷодшуда ба минтақа сафар кардааст. Ӯ то рӯзи 8 феврал қарор аст бо мақомот дар Арабистони Саудӣ, Миср, Қатар, Исроил ва Каронаи Ғарбӣ дидор карда талош хоҳад кард аз ин роҳ Ҳамосро барои озод кардани гаравгонҳо водор намояд.
Гуфтугӯ