Барои мусалмонони вилояти Шинҷон воқеъ дар ғарби Чин аз 1 феврал як қатор қоидаҳои нав ҷорӣ шуд ва дар байни онҳо инчунин маконҳои нав барои намозгузорӣ ёд шудааст, ки ҳадафаш татбиқи “шева ва хусусиятҳои марбут ба Чин” мебошад.
Қонуне, ки тоза қабул шуд, идомаи талошҳои бисёрсолаи Чин барои таҳти назорати сахт нигоҳ доштани фаъолиятҳои динӣ дар Шинҷон мебошад, ки хонаи зисти уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, тоҷикҳо ва дунганҳо ҳам мебошад. Ин ҷо масеҳиён ва пайравони дигар динҳо ҳам зиндагӣ мекунанд.
Бар асоси талаботи нав оид ба “танзими умури динӣ”, ҳамаи масҷид, калисо ва дигар муассисаҳои динӣ бояд бо тарроҳии навъи чинӣ тағйир дода шаванд ва ҳама гуна нақшҳо бояд аз ҷониби мақомоти минтақавии Шинҷон тасдиқ шаванд. Қоидаи дигар ба ҷамъомадҳои калони динӣ рабт дорад. Аз ташкилкунандаҳо талаб мекунанд, ки ҳадди аққал як моҳ пеш аз мақомоти маҳаллӣ иҷоза гиранд ва мавзӯъҳои динии дар интернет нашршаванда ҳам бояд аз ҷониби мақомот санҷида шаванд.
Инчунин тақозо мешавад, ки тафсири таълимоти динӣ “ҷавобгӯи рушди имрӯзаи Чин ва фарҳанги суннатии фавқулоддаи чинӣ” бошад, ки ба бовари коршиносон, саркӯби уйғурҳо ва дигар мусалмононро дар оянда бештар хоҳад кард.
Бредли Ҷардин, мудири созмони Ҷамъияти Оксус барои Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “қарорҳои нави қабулшуда дар Чин барои аз шабакаҳои байналмилаливу ҷомеаҳо буридани динҳои дигар дар Чин ва дар ҳолати инзивои иҷтимоӣ ва сиёсӣ таҳти назорати ҳизби коммунистии Чин гузоштани онҳо қабул шудаанд”.
Чин давоми солиёни охир барои поймолкунии хеле сахти ҳуқуқи сокинони Шинҷон, аз ҷумла, барои ба урдугоҳҳои “бозтарбия” ҷой додани 1 миллион уйғур, қазоқ ва дигар мусалмонон, ки дар Чин аққалиятро ташкил медиҳанд, мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ мебошад. Дар миёни далелҳои дигари исботи чунин амалҳои Чин корҳои маҷбурӣ, озори ҷинсӣ, безурёткунии маҷбурии занони мусалмон, талошҳо барои решакан кардани фарҳангу ҳуввияти уйғурҳо, нобудкуни масҷидҳо ва дигар маконҳои динӣ номбар мешаванд.
Баъзе гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳам ҳукуматҳои ғарбӣ Чинро дар сиёсати геносид ё наслкушӣ айбдор кардаанд. СММ дар гузориши соли 2022 гуфт, Чин дар Шинҷон “ба ҷиноят алайҳи инсоният” даст мезанад.
Чин ҳама гуна иттиҳоми вобаста ба поймолкунии ҳуқуқро дар минтақа рад карда гуфтааст, ки фаъолиятҳояш дар Шинҷон ба мубориза бо терроризму экстремизм рабт дорад.
Гуфтугӯ