Чаҳор варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо «Тоскӯлоҳи бузург» (Paris Grand Slam 2024), ки 2-юми феврал дар Пориси Фаронса оғоз ёфт, шикаст хӯрданд.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи сенуфуз 621 варзишгар (365 мард ва 256 зан) аз 107 кишвари панҷ қитъаи олам ширкат доранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар дохиланд: Меҳрзод Сӯфиев (вазни -60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни -66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар сабқати мардон, инчунин Аҳлия Муъминова (-52 кг) дар сабқати занон.
Дар рӯзи аввали мусобиқа - 2-юми феврал - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон ҷараён дорад.
Нахуст паҳлавони 24-солаи тоҷик Меҳрзод Суфиев ба рақобат пардохт. Вай дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз ҳамсоли худ Аҳмад Юсуфови озарбойҷонӣ мағлуб шуд.
Баъдан дар вазни то 66 кило ду паҳлавони тоҷик – Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов - рақобат карданд. Эмомалии 21-сола дар даври аввал Патрик Заскои 26-соларо аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шикаст дод, вале дар даври дуюм қувваозмоиро ба Мартин Сетзи 29-солаи олмонӣ бохт.
Обид Ҷебови 25-сола баъди пирӯзӣ дар даври аввал ба Аҳмад Абдулраҳмон аз Миср, дар даври дуюм аз Виллиан Лимаи 24-солаи бразилӣ шикаст хӯрд.
Аҳлия Муъминоваи 21-сола, ки дар сабқати занон дар вазни то 52 кило озод буд, дар даври дуюм аз Хорлудои Бишрелти 25-сола аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мағлуб гардид.
Ба ин тартиб, дар рӯзи авввали мусобиқа дар Порис чаҳор варзишгари тоҷик ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Панҷ паҳлавони дигари тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) рӯзи шанбеи 3-юми феврал, Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) - рӯзи якшанбеи 4-уми феврал дар сабқати мардон ба рақобат мепардозанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи «Тоскӯлоҳи бузург» (Paris Grand Slam 2024) 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.
Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ ва олимпӣ мегарданд.
Барномаи мусобиқа:
2-юми феврал (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.
3-юми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.
4-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи байнулмилалии имсолаи ҷудо - Grand Prix Portugol 2024, ки рӯзҳои 26-28-уми январ дар шаҳри Одивеласи Португалия бо иштироки 624
варзишгар (344 мард ва 280 зан) аз 90 кишвар доир гардид, натавонистанд медал бигиранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳашт нафар миёни мардон ва як нафар миёни занон дохил буданд, вале ягон нафари онҳо натавонист ба чорякфинали мусобиқаи Гран-Прии Португалия роҳ пайдо кунад.
Гуфтугӯ