Бар асоси гузориши ин шӯро, шабакаи "Ал-Қоида" чаҳор маркази омӯзишӣ дар вилоятҳои Ғазнӣ, Лағмон, Парвон ва Урузгон сохтааст. Гузориш ҳамчунин меафзояд, ки ин шабака як анбори аслиҳа дар Панҷшер дорад ва дар Кобул, Ҳилманд ва Ҳирот ҳам пойгоҳҳое эҷод кардааст.
Бар асоси гузориши Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, шабакаи "Ал-Қоида", ки аз 30 сол ба ин сӯ дар Афғонистон фаъолият дорад, ахиран мадрасаҳои навро аз ҷумла, дар вилоятҳои Нангарҳор, Кунар ва Парвон фаъол кардааст.
Ҳарчанд шумори дақиқи аъзои шабакаи "Ал-Қоида" маълум нест, аммо дар гузориши Шӯрои Амният омадааст, ки 10 чеҳраи маъруфи ин шабака, ки номҳояшон зикр нашудааст, дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд.
Дар гузориш омадааст, ки талошҳои Толибон барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои шабакаи "Ал-Қоида" дар Афғонистон сабаби як силсила ихтилофҳо миёни ин гурӯҳ шудааст. Шӯрои Амният ҷузъиёти бештар дар ин мавзуъ надодааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон бо нашри як паёми савтӣ дар телевизиони миллии зери ҳукумати Толибон ин гузориши Шӯрои Амниятро рад кардааст.
Ӯ гуфтааст, "мутаассифона як раванди муназзами иттиҳом ворид кардан ба Имороти исломии Афғонистон аз сӯи СММ оғоз шудааст. Ҳеҷ узви шабакаи "Ал-Қоида" дар Афғонистон ҳузур надорад ва на Иморати исломӣ ба касе иҷозат медиҳад, ки аз хоки Афғонистон бар зидди касе истифода шавад".
Сухангӯи ҳукумати Толибон ҳамчунон гуфтааст, ки Шӯрои Амният аз манбаъҳое барои таҳияи гузоришҳоя истифода мекунад, ки дар 20 соли гузашта ба хотири манфиатҳои худ дар паҳлӯи ба гуфтаи ӯ, "ишғолгарон" истода буданд ва акнун нисбат ба рушд ва ободии Афғонистон ҳассосият доранд. Аммо ӯ аз ин манбаъҳо ном набурд.
КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ТОЛИБОН БА ТОЛИБОНИ ПОКИСТОН
Ҳарчанд Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар ин изҳорот робита бо ҳар навъ гурӯҳи мусаллаҳро рад кард, аммо Шӯрои Амният дар гузориши худ гуфтааст, ки бархе фармондеҳони Таҳрики Толибони Покистон ба таври муназзам аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон кӯмакҳо дарёфт мекунанд.
Дар гузориш ҳамчунон гуфта шудааст, ки шумори афроди вобаста ба Таҳрики Толибони Покистон дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Бар пояи ин гузориш, шабакаи "Ал-Қоида" низ дар ин бахш саҳм дорад ва афроди мусаллаҳи Таҳрики Толибони Покистонро омӯзиш медиҳад ва бо аслиҳа таъмин мекунад.
Ҳукумати Толибон дар Афғонистон пеш аз ин мавҷудияти аъзои Таҳрики Толибони Покистон дар Афғонистонро рад карда буд.
Илова бар ин, дар гузориши Шӯрои Амнияти СММ ба шохаи Хуросони гурӯҳи "Давлати исломӣ" низ ишора шудааст, ки барои минтақа ва Афғонистон як таҳдид аст.
Дар гузориш омадааст, ки аввалин ҳадафи гурӯҳи ДОИШ ғайринизомиёни шиа ҳастанд, баъд Толибон ва ғайринизомиёни дигар.
Ин гузориш мегӯяд, ҳарчанд Толибон иддао кардаанд, ки ДОИШ-ро шикаст додаанд, аммо афроди мусаллаҳи онҳо ҳанӯз ҳам ҳамлаҳоеро дар Афғонистон анҷом медиҳанд.
Шӯрои Амният ҳамчунон гуфтааст, ки Саноуллоҳ Ғаффорӣ, раҳбари шохаи Хуросони гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки ба Шаҳоб Ал-Муҳоҷир машҳур аст, ҳанӯз зинда мебошад.
Соли гузашта расонаҳои Покистон ба нақл аз манбаъҳо дар ин кишвар гузориш дода буданд, ки Ал-Муҳоҷир дар як ҳамла дар Кунар кушта шудааст. Ҳукумати Толибон он замон дар бораи кушта шудани ӯ чизе нагуфта буд.
ГУРӮҲҲОИ ДИГАР
Дар гузориши Шӯрои Амнияти СММ ба ҷуз ДОИШ, ба ҳузури бархе гурӯҳҳои мусаллаҳи дигар дар Афғонистон, низ ишора шудааст.
Дар ин гузориш аз Ҳаракати исломии Узбекистон, Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ, Катибаи Имом Бухорӣ, Ҷунбиши исломии Туркистони шарқӣ ва шуморе дигар аз гурӯҳҳо ёд шудааст, ки ба гуфтаи Шӯрои Амният дар Афғонистон ҳузур ва фаъолият доранд.
Пас аз дигарбора ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, гузоришҳо аз ҳузур ва нигарониҳое дар мавриди шабакаи "Ал-Қоида" дар Афғонистон нашр шудааст.
Аммо дар моҳи июли соли 2022 пас аз кушта шудани Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи "Ал-Қоида" дар як ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Кобул, ин нигарониҳо беш аз пеш афзоиш ёфтааст.
Гуфтугӯ