Мақомот гуфтанд, пули ҷоизаҳо аз Фонди захиравии президент ҷудо шудааст ва 1 миллиону 462 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, ҷоизаи президенти Тоҷикистон 9-уми январи соли 2015 таъсис ёфтааст ва бори ҳаштум аст, ки ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мураббиёни онҳо супурда мешавад.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон соли 2023 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 701 медал, аз ҷумла 203 нишони тилло, 188 нуқра ва 310 биринҷӣ ба даст оварданд.
Медали биринҷии Баҳодур Усмонов дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2023 дар навъҳои олимпӣ мебошад.
Вале варзишгарони тоҷик соли гузашта натавонистанд дар қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медалҳои тиллою нуқра ба даст биёранд.
Зимнан, пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, 28 сол инҷониб касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.
Ҳамчунин баъди он ки гурзандоз Дилшод Назаров соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин медали нуқра гирифт, варзишгарони тоҷик дар муддати ҳашт сол дар риштаҳои олимпӣ ба чунин натиҷа даст наёфтаанд.
Илова бар ин, ду соли охир ягон намояндаи Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои қаҳрамонии Осиё мушарраф нашудааст.
7 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ 19-УМИ ОСИЁӢ
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин.бо иштироки беш аз 10 ҳазор варзишгар баргузор шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар байни 45 кишвар дар ҷойи 24-ум ва аз ҷиҳати теъдоди умумии медалҳо дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (22-18-31), Қазоқистон (10-22-48), Қирғизистон (4-2-9) ва пеш аз Туркманистон (1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойгир шуд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо бошад, Тоҷикистон дар минтақа мақоми охиринро соҳиб гашт.
Дар ин бозиҳо 106 варзишгари тоҷик дар 17 ришта ҳунарнамоӣ карда, дар се намуд – ҷудо (3), бокс (2) ва кураш (2) – медал ба даст оварданд.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба ҳафт варзишгаре, ки дар ин бозиҳо соҳиби медал шуданд, хона доданд.
Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) ва Давлат Болтаев (бокс) барои медали тилло бо хонаи сеҳуҷраӣ сарфароз гаштанд. Темур Раҳимов (ҷудо), ки медали нуқра гирифт, соҳиби хонаи дуҳуҷраӣ гардид.
Беҳрӯзи Хоҷазода (ҷудо), Миҷгона Самадова (бокс), Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров (ҳарду дар риштаи ҷудо) барои медали биринҷӣ бо хонаи якҳуҷраӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ нишони тилло гирифтанд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, нишони нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони нишони биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
ДУ РОҲХАТ БА ОЛИМПИАДАИ ПАРИЖ-2024
Муҳимтарин чорабинии варзишии имсола - Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад.
Варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Париж-2024 то ҳоло ду роҳхат гирифтаанд, ки ба риштаи бокс марбут аст.
Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова соҳиби медали биринҷӣ гардида, дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба Олимпиадаи Париж-2024 роҳхат гирифтанд.
Инчунин варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо имкони дарёфти роҳхатҳоро ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 доранд.
Бархе аз варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ бо квота дар риштаҳои шиноварӣ ва варзиши сабук ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
СОҲАИ ВАРЗИШ БА СОХТОРИ АЛОҲИДА НИЁЗ ДОРАД
Коршиносони соҳа барои рушди минбаъдаи варзиш дар Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тағйир дода, соҳаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд ва ба он мутахассисони пуртаҷриба роҳбарӣ кунанд.
Ҳамчунин маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҳисоби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.
Хуб мебуд, аз рӯи таҷрибаи бархе аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш президенти Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.
Зимнан, ба ин Шӯро, ки соли 2011 таъсис ёфтааст, аввал сарвазири ҷумҳурӣ роҳбарӣ менамуд, аммо солҳои охир сарварии он ба зиммаи муовини сарвазир гузошта шудааст.
Гуфтугӯ