Масъулияти ҳамлаи 28 январ ба калисоро, ки вақти намози якшанбе ҳадаф қарор гирифту як нафар кушта бар ҷой гузошт, гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифтааст. Дар ин бора шоми якшанбе Алӣ Ерликая, вазири умури дохилии Туркия хабар дод. Ба гуфтаи вазир, ҳамла ба калисои католикии итолиёии Марияи Муқаддас дар Истамбул соати 13:40 (ба вақти Душанбе) рух дод ва аз дасти афроди мусаллаҳ як марди намозгузор - шаҳрванди Туркия кушта шуд.
Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 29 январ гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон аз Туркия дархост кардааст, ки мушахассоти шаҳрванди Тоҷикистонро, ки вобаста ба ҳамла боздошт шудааст, дар ихтиёри онҳо гузоранд. Ба навиштаи ин манбаъ, чунин дархост аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳам сафорати Тоҷикистон дар Анкара карда шудааст.
Мақомот дар Тоҷикистон назари худро дар ин бора нашр намекунанд, вале қонунҳои ин кишвар гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро террористӣ ва мамнӯъ эълон карда, шаҳрвандонеро, ки дар сафи ин ва дигар гурӯҳҳо дар хориҷи кишвар меҷанганд, дар сурати боздошт, ба ҷавобгарии сангини ҷиноӣ ҷалб мекунад.
Инчунин, ба навишта ТАСС, шумори боздоштшудаҳо аз рӯи ин парванда ба 51 нафар расидааст.
Рӯзи якшанбе Ерликая ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар паи рейде, ки дар 30 маҳаллаи атрофи Истамбул баъди ҳамла барпо шуд, 47 гумонбар боздошт гардида ду гумонбари асосӣ дар охирин рейд ба даст афтоданд.
Манбаъ навиштааст, аз 51 нафар боздоштшуда 28 нафар дар бозпурсиҳо иштирок мекунанд.
23 боздоштшуда аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд ва дар нисбати дигарон қарор баъди хатми бозпурсиҳо қабул мешавад. Зоҳиран, аксари онҳо хориҷӣ мебошанд ва се нафари боздоштшуда шаҳрванди Туркия мебошанд. ТАСС навишт, таҳқиқро гурӯҳе аз 150 мутахассис пеш мебаранд.
Аз ҳоло маълум шудааст, ки иҷрокунандаҳои бевоситаи ҳамла ба назди калисо бо мошине рафтаанд, ки рақамҳои давлатии кишвари Полша ё Лаҳистонро доранд ва давоми як соли охир дар роҳҳои Истамбул дида нашудааст.
Исми шахси ҳамлагар - шаҳрванди Русия Д.Т. аст, ки бевосита тир холӣ кардааст, шаҳрванди Тоҷикистон бо номи А.К. натавонистааст силоҳро ба кор андозад.
Ерликая рӯзи якшанбе гуфт, “ҳарду гумонбар шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Яке аз Тоҷикистон ва дигаре аз Русия мебошанд ва мо иртиботи онҳоро бо “Давлати исломӣ” тафтиш мекунем”.
Чанде баъд гурӯҳи “Давлати исломӣ” тавасути Телеграм масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт, ва, ба навиштаи Рейтерс, таҳдид кард, ки бо супориши раҳбарияташ “яҳудиҳову насрониҳоро” ҳадаф қарор медиҳад.
Сабти наворбардорҳои дохили калисо, ки дурустии онро Рейтерс тасдиқ кардааст, нишон медиҳад, ки ду марди ниқобпӯш вориди калисо шуда мардеро, ки аз муқобили онҳо пайдо мешавад, бо тири туфанг аз по меафтонанд. Ҳамон замон баъди ин куштор ин ду нафар калисоро тарк карданд. Марди фавтида 51 сол доштааст.
Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ин калисову намозгузоронаш изҳори тасаллият кардааст. Попи Рум Франсис ҳам дар намози якшанбеаш тасаллияти худро баён кардааст.
Гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар гузашта ҳам чандин ҳамлаи террористиро дар хоки Туркия анҷом додааст. Яке аз пурқурбонитарини онҳо ба клуби шабонае дар Истамбул дар таърихи 1 январи соли 2017 буд, ки дар он 39 нафар кушта шуд. Ерликая гуфт, ки аз июни соли 2023 дар қаламрави ин кишвар 2086 нафар бо гумони иртибот доштан бо “Давлати исломӣ” боздошт ва 529 нафари онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.
Мақомот дар Тоҷикистон то ҳол нагуфтанд, ки таҳқиқи онҳо аз рӯи ҳодисаҳои ҳамла дар Эрон дар ҳафтаҳои гузашта, ки эҳтимолан аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистони узви "Давлати исломӣ" содир шудааст, чӣ нишон дод. Вале коршиносони хориҷӣ мегӯянд, вақтҳои охир исми шаҳрвандони Тоҷикистон дар иртибот бо фаъолитяҳои террористӣ дар хоки Эрону Олмон ва дигар кишварҳо бештар садо медиҳад.
Гуфтугӯ