Ин барнома вокунишҳои гуногунро ба миён овардааст, вале шаҳрдорӣ мегӯяд, ки сохтмони эстакада як зарурати ногузир буда, ин минтақаи пойтахтро аз танбашавии нақлиёт наҷот хоҳад дод.
Ҷонбобо Ҷабборов, сокини ҳаштодсолаи Душанбе гоҳ-гоҳе ҳамроҳи набераҳояш ба маҳалли маъруф ба "Танка" дар маркази пойтахт омада, ба наврасон таърихи бунёди ин ёдгориро қисса мекунад.
Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки соли 1984 ба унвони ронандаи мошини боркаш дар бунёди ин ёдгории таърихӣ ширкат кардааст. Ба гуфтаи вай, он сол танкҳои шӯравиро барои муҳориба ба Афғонистон интиқол медоданд ва тасмим шуд, ки яке аз онҳоро дар назди ёдгории пирӯзӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ, насб кунанд.
Ҷонбобо Ҷабборов мегӯяд, ки дар аввал танҳо ду манораи баланд сохта шуда буд, баъдтар ин танкаро гузоштанд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ӯ аз тасмими шаҳрдорӣ барои тахриби ин муҷассама огаҳӣ ёфтааст ва минбаъд бо набераҳояш барои тамошои ёдгории таърихӣ ба "Боғи Ғалаба" хоҳад рафт.
Сомонаи шаҳрдории Душанбе шоми сешанбе дар бораи тасвиби қарори раиси шаҳр дар бораи тахриб ва кӯчонидани ин ёдгорӣ хабар дод. Шаҳрдорӣ гуфтааст, ки тахриби ин ёдгорӣ дар асоси Нақшаи умумии бозсозии шаҳри Душанбе ё "Генплан" сурат мегирад.
Баҳром Юсуфов, раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон аз тасмими шаҳрдорӣ барои кӯч додани ин ёдгорӣ истиқбол кард. Ба гуфтаи вай, афзоиши миқдори мошинҳо ва танбашавӣ ҳаракати нақлиётро дар пойтахт душвор кардааст. Вай мегӯяд, замоне, ки ин ёдгорӣ сохта мешуд, ҳанӯз "Боғи Ғалаба" вуҷуд надошт, вагарна ҷойи он ҳамонҷо аст.
"Бинои Раёсати корҳои дохилиро ҳам аввал дар поёнтар сохта, биноҳои гирду атрофро тоза карда, сипас роҳро васеъ мекунанд, то мошинҳо дар он ҷо танба нашаванд. Охир, ҷойи танк дар маркази шаҳр нест-ку",-афзуд ӯ.
Баҳром Юсуфов хабар дод, ки дар оянда дар маҳалли корхонаи "Тоҷиктекстил" ва "Сирк" низ роҳҳои дутабақа сохта мешаванд, то дар хиёбони Саъдии Шерозӣ мушкили танбашавии нақлиёт аз байн бурда шавад.
Ғафур Шерматов, узви Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, қаблан изҳор дошта буд, ки тахриби маҳалли ёдгорӣ чанд сол боз матраҳ буд. Вай гуфта буд, ёдгорӣ моли шаҳрдорӣ дониста мешавад ва Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон танҳо нигоҳубини онро дар солҳои ахир анҷом медод.
Солҳои ахир дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус баъд аз ҳамлаи низомии бедалели Русия ба Украина, барчидани ёдгориҳои замони Шӯравӣ авҷ гирифтааст. Бавижа, ин амр дар кишварҳои соҳили баҳри Балтик, Молдова ва Гурҷистон мушоҳида мешавад.
Дар нишасти ахири ҳукумати Душанбе гуфта буданд, тахриб ва бозсозии хиёбонҳои пойтахт орӣ аз ангезаҳои сиёсӣ аст ва ин амр танҳо дар чорчӯби "Генплан" сурат мегирад.
Намояндагони ҳукумат далел пеш меоранд, ки биноҳои тахрибшаванда шомили феҳрасти ёдгориҳои таърихӣ нестанд ва аз ин рӯ, тибқи "Генплан" ё Барномаи бозсозии Душанбе аз байн бурда мешаванд. Соҳибназарон далел пеш меоранд, ки шомил нашудани ин биноҳо ба феҳрасти ёдгориҳои таърихӣ арзиши онҳоро кам намегардонад. Ва ҳам ислоҳи "Генплан" ба дасти мақомот аст, агар инро хоҳанд.
Дар пайи иҷрои "Генплан", то ҳол чанд бинои қадимии Душанбе ба мисли биноҳои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ, Театри ба номи Маяковский ва Кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда шуданд. Ба иттилои бархе аз манобеи огоҳ, сарнавишти бинои Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва чойхонаи "Роҳат" ҳанӯз норӯшан боқӣ мондаааст.
Гуфтугӯ