Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи ҳалокшуда дар Русияро дар Исфара ба хок супурданд


Тобути онҳоро рӯзи 21-уми январ аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд.
Тобути онҳоро рӯзи 21-уми январ аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд.

Рӯзи 17-уми январ сокинони шаҳри Исфара, Фаёзҷон Савриддинов, ҳамсараш Раъно Савриддинова ва Ғуломҷону Ғуфронҷон ду писари тақрибан 37-38-солаи онҳо аз ҳавои олуда бо маводи кимиёвии “монооксиди карбон” дар шаҳри Ростови Русия фавтида буданд. Як келини ин хонавода, ки заҳролуд шуда буд, рӯзи 22-юми январ дар бемористон даргузаштааст ва қарор аст, ҷасади ӯро низ ба Тоҷикистон биоранд.

Ҳамаи онҳо зодагони деҳаи Гулистони ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара будаанд.

Як тан аз дӯстони ин хонавода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки он шаб аҳли ин хонавода барқ надоштаанд ва генератори бензиниро рӯшан карда, дар шаби хобашон аз дуди он заҳролуд шуда, ҷон додаанд. Дар Фейсбук ҳам як корбаре видеои чаҳор тобутро гузошта ва навиштааст, ки “Ҳамин хабар тасдиқ шуд. Акои Фаёзидин ронандаи автобус маҳаллаи Гулистони Исфара 4 нафар 2 писар ва ҳамсарашон угар шуда (заҳролуд шуда) бандагӣ кардаанд.” Дар ин видео як нафар мегӯяд, “Ғуломҷонро бо аҳли оила гусел кардем, дар ҳаққашон дуо кунед.”

Мусоҳиби Радиои Озодӣ аз шаҳри Ростов гуфт, яке аз бародарон, ки ҳоло ҳамсараш дар бемористон аст, фарзанд надошт, вале аз дигарӣ акнун се фарзанд дар Русия ятим мондааст.

Дар Русия, ки мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст, солона садҳо нафар дар ҳодисаву тасодуфҳои гуногун ба ҳалокат мерасанд.

Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба порлумон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва маргу мири онҳо сӯҳбат кард. Ӯ гуфт: "Ҳар сол аз дигар ҷой аз ҳисоби муҳоҷирон садҳо ва зиёдтар аз он ҷасад меорем. Онҳое, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандон мераванд. Чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён, фақат фикри, мебахшед, нафси бади худро дорем.” Сухане, ки баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG