Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дар остонаи интихобот: чаро шубҳа ба озоду одилона гузаштани он зиёд аст? ВИДЕО


Варақаҳои таблиғотии номзадҳои калидии интихоботӣ дар як фурӯшгоҳи Исломобод. Собиқ нахуствазир Навоз Шариф бо "Лигаи мусалмонони Покистон" ва Имрон Хони зиндонӣ ва ҳизбаш "Таҳрики инсоф" аз муҳимтарин довталабони парлумон ҳастанд
Варақаҳои таблиғотии номзадҳои калидии интихоботӣ дар як фурӯшгоҳи Исломобод. Собиқ нахуствазир Навоз Шариф бо "Лигаи мусалмонони Покистон" ва Имрон Хони зиндонӣ ва ҳизбаш "Таҳрики инсоф" аз муҳимтарин довталабони парлумон ҳастанд

Дар Покистон нигарониҳо аз эҳтимоли озоду одилона барпо шудани интихоботи 8-уми фервали сартосарӣ бештар мешавад. Яке аз сабабҳои чунин ҳол таъқиби ҳизби сарвазири собиқи ин кишвар Имрон Хон ва дигаре даъватҳо ба таъхири овозодиҳӣ аст, ки бо ишора ба таҳдидҳои амниятӣ матраҳ мешавад.

Барои ширкат дар интихоботи парлумонии Покистон, наздик ба 127 миллион овоздиҳанда сабт шудааст, аммо дар рӯйхати довталабҳои курсии парламентӣ номи сарвазири собиқи ин кишвар Имрон Хон ба назар нахоҳад расид. Ин сиёсатмадор, ки тибқи пурсишҳо маҳбубтарин раҳбари кишвар ба шумор меравад, бо иттиҳоми фасод зиндонӣ буда, дар интихобот иштирок карда наметавонад.

Ҳизби "Таҳрики инсофи" Имрон Хон ҳам бо душвориҳои зиёдӣ интихоботӣ мувоҷеҳ аст. Раиси ҳизб Гавҳар Хон мегӯяд:

"Аксари раҳбарони ҳизб пинҳон шудааст. Аслан раҳбарияти сиёсӣ ва пайравони ҳизб дар ҳабс мебошанд. Ҳар пуштибони ҳизб таъқиб мешавад. Номзадҳои ҳизбро сабт намекунанд."

Ҳизби "Таҳрики инсоф" дар моҳи майи соли гузашта бо пуштибонии низомиён ҳадафи як маъракаи таъқиб қарор гирифт. Тарафдорони ҳизб ба боздошти раҳбаронаш эътирози дастаҷамъӣ ташкил карданд, вале натиҷае ҳосил нашуд.

Нигарониҳо аз паёмади интихоботи умумии Покистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ниҳоди мустақили ҳомии ҳуқуқи башари Покистон бо назардошти мушкилиҳои ин созмони сиёсӣ тахмин мекунад, ки интихоботи умумии 8-уми феврал озоду одилона нахоҳад гузашт. Аммо баъзеҳо исрор меварзанд, ки ҳоло барои ноодилона унвон додани ҷараёни интихобот барвақт аст.

Мудассир Ризвӣ, як намояндаи "Шабакаи интихоботи озоду одилона" аст. Ӯ мегӯяд:

"Манъи ширкати яке аз ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот бо ин ва ё он сабаб суоли зиёде оиди қонунмандии он эҷод мекунад, вале мо фақат баъди интихобот ба он баҳо дода метавонем".

Пешбинӣ мешавад, ки дар интихоботи ояндаи Покистон ҳизби се карат собиқ сарвазири ин кишвар Навоз Шариф пирӯз хоҳад шуд. Худи Навоз Шариф мисли Имрон Хон дар соли 2018-ум бо иттиҳоми фасод аз пешбарии номзадиаш ва ширкат дар интихобот маҳрум шуда буд.

Гуфта мешавад, ки дар барканории ӯ саҳми низомиён бузург буд. Нозирон мегӯянд, ҷустуҷӯйи пуштибонии низомиён барои расидан ба қудрат тамоми ҳизбҳои сиёсии Покистонро заъиф намуда, эътимоди шумори зиёди раъйдиҳандагон ба интихоботи озоду одилонаро аз байн бурдааст.


Ҳанӯз ҳам ин гумон зиёд аст, ки эҳтимолан интихобот ба таъхир гузошта мешавад.


Тибқи нақша интихоботи умумии Покистон мебоист се моҳ пеш баргузор мешуд ва ҳозир ҳам баъзе сиёсатмадорон таҳдидҳои амниятиро ёдовар шуда, пешниҳод доранд, ки овоздиҳӣ бори дигар ба таъхир гузошта шавад.


Дар ин робита сарпарасти ҳукумати муваққати Покистон Муртазо Солангӣ иброз дошт, ки интихобот мутобиқ ба барнома дар моҳи феврал баргузор мегардад ва кафолати озоду одилона будани онро бояд комиссияи мустақили интихобот бар дӯш бигирад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG